ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

камқувватӣ;
нафаскашии зуд-зуди рўякӣ.
Расонидани ёрии аввалин ҳангоми офтобзанӣ:
ҷабрдидаро ба ҷойи салқин хобонед;
ба ў оби сард нўшонед;
либоси тангашро ба либоси васеъ иваз кунед;
либоси бо арақи бадан таршударо аз ҷисмаш бикашед;
пахта ё матои бо оби сард таркардашударо ба қадкашак, таги каш ва гардани ҷабрдида гузоред;
бадани ҷабрдидаро бо истифода аз маводди дастрас (сачоқи тар, бистарпўши тар) хунук кунед.
АЛОМАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ
АВВАЛИН БА ШАХСИ ҒАРҚШУДАИСТОДА
Хатари ғарқшавӣ ҳангоми ба роҳҳои нафаскашӣ ворид шудани об пайдо мешавад. Агар ҷабрдида зери об бошад, аввал нафаскашиаш қатъ мегардаду баъд боз пайдо мешавад. Доду фарёди имдодталабонаи ғарқшаванда тўдаи одамонро ба соҳил меорад. Шахси ғарқшудаистода дастонашро ба боло бардошта ёрӣ металабад. Ба сабаби шино карда натавонистан, ўро маъюсӣ ва ноумедӣ фаро мегирад.
Бинобар ин, ҳамаи одамон бояд шино карда тавонанд.
Агар шино карда натавонанд, ба об даромадани онҳо манъ аст. Кўдакони майда ҳатто дар чуқурии 10 см. метавонанд ғарқ шаванд. Ҳеҷ гоҳ иҷозат надиҳед, ки кўдакон ва бачагони хурдсол бе назорати калонсолон оббозӣ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё