ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Аз эҳтимоли ҷароҳат гирифтани бадани худ эҳтиёт шавед;
– моддаҳои кимиёвии хушкшударо аз пўст бо дасти ҳифзкардашуда (бо дастпўшак, сачоқ) афшонда дур кунед;
– ҷойи сўхтаи пўстро бо об шуста тоза кунед;
– либосеро, ки бо моддаи кимиёвӣ олуда шудааст, аз бадани ҷабрдида кашида дур кунед;
– ҳангоми бо моддаҳои кимиёвӣ олудашавии чашмҳо онҳоро бо оби тоза бишўед.
Ҳангоми расонидани ёрии аввал ба ҷабрдидагони сўхтаи бадан кадом амалҳо манъ карда шудааст:
Либоси ба ҷароҳат часпидаро аз бадани ҷабрдиди наканед.
Равған, спирт ё дигар маводи молиданиро истифода набаред.
Ба ҷойи сўхта пахта нагузоред.
Лейкопластирро истифода набаред.
Обилаҳоро накафонед, чунки яклухтии пўст баданро аз воридшавии инфексия муҳофизат мекунад.
Ҳангоми сўхтани дараҷаи сеюм ба ҷароҳати бадан даст нарасонед.
§23. ОФТОБЗАНӢ ВА ҒАРҚШАВӢ
Дар фасли тобистон ҳангоми истироҳат дар лагер, майдончаҳои солимгардонӣ бачагон оббозӣ карданро дўст медоранд ва илова бар ин барои обутоби бадан дар офтоб хоб мераванд. Оббозӣ кардан ва дар офтоб хоб рафтан қоида дорад. Агар ин қоидаҳо риоя карда нашавад, одамро офтоб мезанад ё ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданаш мумкин аст.
Аломатҳои офтобзанӣ инҳоянд:
баландшавии ҳарорати бадан; сурхшавӣ ва хушкшавии пўст; тундмиҷозӣ; беҳушии сатҳаш афзоишёбанда; зуд-зуд задани набз;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё