Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

паст кардани шиддати дард маводи хунук бигузоред;
– ба ҷойи саггазида матои тоза бигузоред.

§22. СЎХТАНИ БАДАН
Сўхтани бадан ин зарарёбии бофтаҳои маҳини бадан буда, одатан дар натиҷаи таъсири ҳарорати баланд (сўхтани ҳароратӣ), моддаҳои кимиёвӣ, туршиҳо, ишқорҳо (сўхтани кимиёвӣ) мебошад.
Аломатҳои сўхтани дараҷаи 1: пўст сурхранг ва хушк мешавад, дардманд ва варм мекунад.
Аломатҳои сўхтани дараҷаи 2: пўст сурхрангу обиладор мешавад, обилаҳо метавонанд кафанд.
Аломатҳои сўхтани дараҷаи 3: ҷойи сўхтаи пўст дурушт ва сиёҳранг мешавад ва ё баракс ҳамчун шамъ сафед мешавад.
Ёрии аввалин ҳангоми сўхтани дараҷаи якум ва дуюми пўсти бадан:
– зуд ҷойи сўхтаи баданро бо оби сард шуста хунук кунед. Истифодаи ях манъ аст;
– ҷойи сўхтаи баданро на кам аз 10 дақиқа, то нестшавии дард зери оби сард нигоҳ доред;
– агар об дарстрас набошад, ҳама гуна моеи сард (шир, нўшокӣ)-ро истифода баред.
– то пайдо шудани обила ё варам, аз бадани ҷабрдида либоси таг, ангуштарин ва соаташро берун кунед;
– агар обилаҳо кафида бошанд, ҷойи зарардидаи пўстро бо обу собун бишўед ва бо захмбанди тамиз бибандед.
Ёрии аввалин ҳангоми сўхтани дараҷаи сеюм:
– ҳарчи зудтар ёрии таъҷилиро даъват кунед;
– ба ҷойи сўхтаи пўст сачоқ ё матои тар гузоред. Эътибор бидиҳед, ки сачоқ ё матоъ доим хунук бошад;
– ҳарорати бадани ҷабрдидаро доимо дар як сатҳ нигоҳ доред;
– ҳангоми сўхтани пўст аз моддаҳои кимиёвӣ қисми либосро, ки бо моеи ҷўшон ё моддаҳои кимиёвӣ олуда шудааст, бурида партоед.

пешина
аз 80
навбатӣ