ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ёрии аввалин ҳангоми газидани ҳашарот:
– агар неши ҳашарот дар пўст боқӣ монда бошад, онро бо нохун ё дигар мавод хориҷ кардан лозим аст. Истифодаи пинсет мумкин нест, зеро ҳангоми пахш кардани пўст миқдори изофаи заҳр вориди бадан шуданаш мумкин аст;
– ҷойи заҳролудшудаи пўстро бо оби тоза шустан зарур аст;
– маводи хушки заҳролудро бо истифода аз ягон матоъ аз пўст хориҷ кунед;
– ҷабрдидаро таъҷилан ба назди духтур баред.
Ёрии аввалин ҳангоми газидани мор:
– ба ҷабрдида кўмак расонед, ки дар ҳолати барояш мувофиқ бихобад. Агар мумкин бошад, ба мақсади пасткунии воридшавии заҳр ба бадан, қисми газидашудаи баданро ба сатҳи аз дил поён фароред.
– ҷойи газидаро бо оби тоза бишўед;
– ҷабрдидаро ором кунед ва маслиҳат диҳед, ки ҳаракат накунад.
Эзоҳ: Барои бо даҳонатон макида гирифтани заҳр кўшиш накунед, молидани захм ва гузоштани банд мумкин нест.
Ёрии аввалин ҳангоми газидани саг:
– ҷойи саггазидаро бо собун ва оби тоза бишўед ва барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё