ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

БОБИ 3.
ҲОДИСОТ, ЗАҲРОЛУДШАВӢ ВА ЁРИИ АВВАЛИН
§21. ЗАҲРОЛУДШАВӢ ВА
РОҲҲОИ БЕХАТАР ГАРДОНИДАНИ ОН
Ҳангоми сайру саёҳат, истироҳат дар табиат ва лагерҳо (истироҳатгоҳҳо) имконияти хавфи заҳролудшавӣ ба миён меояд. Заҳролудшавӣ тавассути даҳон, пўст, тавассути газидани ҳашарот, хазандагон ва моддаҳои химиявӣ ба амал меояд. Ворид шудани ҳама гуна заҳр ба ҷисми инсон, ки сабаби вайроншавии фаъолияти ҷисм, беморӣ ва баъзан марг мешавад, заҳр ҳисобида мешавад.
Аломатҳои заҳролудшавӣ инҳоянд:
– дилбеҳузурӣ, қайкунӣ;
– дарунравӣ;
– пайдо шудани дард дар қафаси сина ва ё шикам;
– нафаскаши номураттаб;
– арақкунии бадан:
– рафтани оби даҳон;
– беҳушшавӣ;
– аломатҳои сўхтан дар атрофии лабҳо, забон ё пўст.
Ёрии авалин ҳангоми заҳролудшавӣ тавассути даҳон:
– дар мавриди зарурӣ ангуштонро ба гулўи ҷабрдида андохта ўро маҷбурӣ қай кунонед;
– пас аз қайкунӣ ба ҷабрдида ба миқдори зиёд об нўшонед.
Эзоҳ: Агар муайян кунед, ки ҷабрдида кислота ё карасин нўшидааст, қайкунӣ мумкин нест!
Дар чунин ҳолат бояд:
– ба ҷабрдида шир нўшонед;
– таъҷилан ба шифохона баред.
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ тавассути пўст:
– ҷойи зарардидаи пўстро бо оби тоза шўед;
– маводи хушки заҳролудро бо истифода аз ягон матоъ аз пўст хориҷ кунед; – ҷабрдидаро таъҷилан ба духтур баред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё