Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

– ҳайвонот ва паррандагонро аз эмкунии профилактикӣ гузаронидан зарур аст;
– тозагии мавзеи нигоҳдошти ҳайвоноту паррандагонро назорат бурда, он ҷойҳоро бояд ба таври доимӣ безарар гардонд;
– хўрока ва обро ба ҳайвонот дар зарфҳои тоза бояд дод;
– поруи ҳайвонот ва паррандагонро бояд ба замин гўр кард;
– агар ҳавонот ва паррандагон дучори беморӣ шуда бошанд, ҳатман ба духтури ҳайвонот бояд муроҷиат кард;
– ҳангоми газидани ҳайвонот таъҷилан ба духтур бояд муроҷиат кард.
Дар баробари ин бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ба ҳамаи мавҷудоти зинда мо бояд ғамхорона муносибат кунем ва фаромўш накунем, ки баъзе аз ҳайвоноти хонагӣ ба монанди асп, хар, гов, гўсфанд, бузу бузғола, мурғ ва ғайра дар рўзгори мо аҳамияти калон доранд.
Хулоса, баъди нигоҳубини ҳайвоноту паррандагон ҳатман дасту рўйро бояд бо собун тоза шуст. Ҳамеша бо духтури ҳайвонот бояд дар тамос буда, баробари пайдо шудани бемориҳо дар организми ҳайвонот, ба ў хабар бояд дод. Ва аз ҳама асосиаш нисбати ҳайвонҳо новобаста аз хонагиву ваҳшӣ буданашон муомилаи ғайриинсонӣ надошта бошем. Ҳайвонот ҳам муомилаи неки инсонӣ ва рафтори гуманистии моро нисбати худашон хело хуб эҳсос мекунанд.

пешина
аз 80
навбатӣ