Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Бемориҳое, ки тавассути ҳайвоноту паррандагон мегузаранд, хеле хавфнок буда ҳаёти инсонро метавонанд ба марг дучор кунанд.
Дар айни замон бемории зукоми паранда ва зукоми хук, ки боиси нигаронии тамоми мардуми курраи замин гардидааст, маҳз аз ҳайвонот ва парранда ба одамон гузашта, хатари маргро эҷод кардааст.
Бинобар ин, ҳангоми нигоҳубини ҳайвонот ва парандагон кўдаконро зарур аст, ки тамоми қоидаҳои гигиениву санитариро риоя карда, оид ба ҳар як бемории тавассути онҳо паҳншаванда тасаввуроти амиқ дошта бошанд.
Махсусан, ҳангоми нигоҳубини сагу гурба дар хона бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки онҳо ба маҳсулот ва хўрокворӣ наздик нашаванд, онҳоро налесанд ва бўй накашанд.
Имконияти дар дохили хона гаштугузор кардани онҳо маҳдуд карда шавад, зеро ҳам саг ва ҳам гурба тавассути луоби даҳонашон микробҳои зиёди бемориҳои гуногунро паҳн мекунанд, метавонад боиси бемории аҳли хонавода шавад. Илова бар ин, тибқи анъанаҳои мардуми мусулмон наздик шудани сагу пишак ва дигар ҳайвонот ба дегу табақ ва дигар ашёи рўзгор мамнуъ аст.
Роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз ҳайвоноту паррандагон чунинанд:
– баъди бозӣ бо ҳайвоноту паррандагон, нигоҳубин ва тоза кардани ҷойи онҳо дастонро ҳатман бо собун бояд шуст;
– ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноту паррандагон ва рўбучини оғилхона ва мурғхона пўшидани пойафзол ва либоси махсус ҳатмист;
– ҳоҷатхонаҳо бояд ба ҳайвонот ва паррандагон дастнорас бошанд;
– аз алоқа бо сагҳо ва гурбаҳои дайду бояд канораҷўӣ кард;
– сабзавот ва кабудиро пеш аз истеъмол бодиққат бояд шуст;

пешина
аз 80
навбатӣ