Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§20. МУНОСИБАТ БО
ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ
Дар ҳама давру замон паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ ҳайвонҳои ваҳшиву хонагӣ ҳастанд, ки тавассути пусту гўшту шир ва порўйи онҳо ба одамон интиқол меёбанд.
Надонистани қоидаҳои гигиенӣ ва сантиарӣ, надоштани маълумоти кофӣ дар бораи бемориҳои тавассути ҳайвоноту паррандагон гузаранда сабаби сар задании бемориҳои сироятӣ мегардад.
Масалан, бачагоне ҳастанд, ки ба кафтарбозиву бедонабозӣ ва парвариши сагу гурба шавқ дошта, бо онҳо беэҳтиётона муносибат мекунанд. Агар ҳайвонҳои мазкур аз ташхиси духтур нагузашта бошанд, бемориҳои гуногуни сирояткунандаро байни онҳо паҳн мекунанд.
Бемориҳои вараҷа, нағзак, вабо, омоси майна, салмонеллёз, девонагӣ, шукуфа, сўхтанӣ, домана, оқсил, зукоми парранда ва хук метавонанд тавассути ҳайвонот ва паррандагон ба инсон гузаранд.
Ин бемориҳо бо чунин роҳҳо ба одамон мегузаранд:
– ҳангоми муносибат ва нигоҳубини ҳайвоноту парранда;
– ҳангоми бо порўи онҳо сару кор доштан;
– ҳангоми тоза кардани мурғхона ва ё оғилхона;
– ҳангоми истеъмоли гўшт ва тухми паррандагони дар таркибашон микроорганизмҳои бемориовар дошта;
– ҳангоми газидани ҳайвони бемор ё ба организми инсон афтидани оби даҳони ҳайвон бемор;
– ҳангоми дасту пои соҳиби худро навозишкорона лесидани саг;
– аз одами заҳролудшуда ба одами солим;
– аз кайк, кана, гиҷҷаҳо ва ғайра.
Гиҷҷаҳо (ҳелминтҳо) ва ё кирмҳои рўда асосан аз бадани ҳайвонот дар шакли тухм хориҷ шуда, тавассути ғизоҳои гуногун вориди бадани инсон мешаванд. Ин гуна кирмҳо асосан ба организми ҳама одамон новобаста аз синну солашон метавонанд ворид шуда, ҷисми онҳоро сироят кунанд.

пешина
аз 80
навбатӣ