Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми бемории исҳол оби бадан хориҷ мешавад ва ҷисм бе об мемонад.
Регидронро дар шароити хона тайёр кардан мумкин аст:
халтачаи хокаи регидронро аз дорухона харидорӣ карда, даҳонашро мекушоем ва оби гарми ҷўшидаро то ними бонкаи 1 литра мерезем; то пурра ҳал шудани хокаи регидрон онро бо қошуқ омезиш медиҳем; оби гарми ҷушидаро то пур шудани бонка мерезем:
як бори дигар маҳлули нўшокиро омехта карда, рўйи зарфро бо сарпўши пластикӣ мепўшонем.
Пас аз тайёр шудани маҳлули регидрон ба кўдаки бемор дар муддати ҳар 3-5 дақиқа аз як то ду пиёла (50-100 мл) баъди ҳар дарунравӣ то барқарор шудани оби баданаш нўшонидан зарур аст, ҳатто баъд аз нўшидани регидрон қай кунад ҳам онро додан тавсия карда мешавад.
Ҳангоми омода кардани маҳлули регидрони хонагӣ хеле муҳим аст, ки шумо миқдори тавсияшудаи намакро зиёд накунед, чунки ин метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Барои бемор ҳар рўз маҳлули нави регидрон тайёр кардан лозим аст. Баъди ҳар як дарунравӣ бештар моеъ ва хўроки обдор додан тавсия дода мешавад.

пешина
аз 80
навбатӣ