Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

саволҳоро додан мумкин аст:
Роҳҳо ба бемории исҳол сироят ёфтанро бо воситаи тирҳои дар диаграммаи F-1 нишондодашуда шарҳ диҳед.
Чаро кўдаки дар расм буда бемор шуд?
Бо кадом роҳҳо бемории исҳолро пешгирӣ кардан мумкин аст; аз диаграммаи F-2 нишон диҳед.
Чаро кўдаки дуюм бемор нашуд?
Хулоса, барои ба бемории исҳол сироят наёфтан чӣ кор бояд кард?
Дастонро ҳамеша бо собун бояд шуст; Танҳо оби тоза ва ҷушонидаро бояд нўшид; Барои қазои ҳоҷат танҳо ҳоҷатхонаро истифода бояд бурд; Хўрокро аз пашшаҳо эҳтиёт бояд кард; Оби ҷўшидаро бояд нушид.

§19. ТАРЗИ ТАЙЁР КАРДАНИ РЕГИДРОН
Исҳоли шадид метавонад хушкидани баданро ба вуҷуд орад, ки барои кўдакон ва ҳатто калонсолон хатарнок аст.
Кўдаки гирифтори исҳоли обакӣ таҳти хатари бе об мондани ҷисм (дегидратсия) қарор дорад. Нишонаҳои бе об мондани ҷисм инҳоянд:
Зуд-зуд ташна мондан; кам пешоб кардан ё умуман пешоб накардан; ранги пешоб зарди тира; талафи тасодуфии вазн:
хушк шудани даҳон; чашмони фурўрафтаи беашк; фурў рафтани «қисми нарм»-и сари кўдак; таранг шудан ё ёзандагии пўст ва ғайра.
Одамони калонсол дар як рўз бояд 3 литр ё бештар аз ин об бинўшанд. Бачагон дар як рўз ҳадди ақал бояд 1 литр об бинўшанд.
Барои пешгирӣ ё табобати исҳол нўшидан оби бисёр ва пайваста ғизо хўрдан зарур аст. Барои ҷисми беобмондаи бемор регидрон додан аҳамияти калон дорад, чунки таркиби регидрон аз намакҳои гуногун иборат буда, обро дар бадан нигоҳ медорад.

пешина
аз 80
навбатӣ