ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Танҳо барои хотири худ зистан,
Ё зиндагӣ кардан барои дигарон,
Ё ину он?
ҶУДОИҲО
Модар гумон мабар зи ҷудоиҳо,
Парвардаи ту карда фаромӯшат.
Ман солҳост дураму дурам ман,
Аз гармии навозишу оғӯшат.
Умре дар интизор ба сар бурдам,
Бинам магар шукуфтани лабхандат?
Эй вой агар ба ҷои басе бӯса,
Силӣ занӣ ба сурати фарзандат.
Ман ҷуз ту дарди худ ба кӣ хоҳам гуфт?
Бар дардҳои ман чу туӣ дармон.
Он модари ҷавони сияҳрӯзам,
Хобида зери хоки ту ҷовидон.
МАРО БИБАХШ
Чу офтоби тилоии нимрӯзи баҳор,
Дароз мекашад ором рӯйи бистари ман.
Ба бистари абадӣ,
Катибае, ки пур аз нақши хубиясту бадӣ.
Биё ту, эй нафаси зиндагӣ — эй озодӣ,
Маро бибахш,
Бибахшам бузургворона.
Ба ҷустуҷӯи ту аз ошёна чалчалае,
Париду боз наёмад дигар сӯйи лона.
Надошт чизе то дар раҳат кунад тақдим,
Ба ҷуз умед-умед бидуни шубҳаву бим.
ҲИСҲО ВА РАНГҲО
Сухан нагушуда уқдаҳои рӯҳи инсонро,
Нагуфта қиссаи ҳолоти беоғозу поёнро.
Надода шарҳи эҳсосоти пинҳонро,
Агар ҳар ҳиси инсон вижа ранге дошт.
Агар з-ин рангҳо рухсори инсон ранг бармедошт,
Нишон медод ранг, оё,
Зи дарёи даруни мо,
Ҳазорон мавҷи сармасту парешонро?
Ба девори пур аз нақшу нигори орзумандӣ,
Зи ҳирмон ганҷ кашиданҳо.
Миёни ҳамҳама эҳсоси дардолуди танҳоӣ,
Шикаст, аммо шикебоӣ.
Зи зери санг монанди гиёҳе сар задан берун,
Ба сӯйи нури хуршеди баҳорӣ сар кашиданҳо.
Тамоми умр дар роҳе ба шавқи дил давиданҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё