ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ҷаҳонро дидану худро надиданҳо,
Миёни шӯразорон парвариш додан гули умед.
Бипурсед аз Рофойел,
Аз Пекосу,
Ё ки аз рангинкамон пурсед,
Миёни рангҳо,
Ранге буд, оё,
Ки созад ҷилвагар нақши бузурги рӯҳи инсонро?
ПИРАМАРД БО СЕТОРАШ
Биё бо ҳам ба қарни пеш баргардем,
Дар ин раҳ ҳамсафар гардем.
Бибин он ҷо,
Миёни деҳкада,
Байни деҳотиҳо,
Канори ҷӯйборе,
Нишаста пирмарде,
Дар дасташ сеторе.
Ба пиндоре фурӯ рафтаст,
То як нағмае дигар,
Ки деҳқондухтар аз ӯ хоста,
Созад,
Навозад,
Хаёлангезу шавқовар.
Ту номи пирамард аз ман агар пурсӣ,
Намедонам.
Миёни мардуми сода ҳазорон қаҳрамон ҳастанд,
Ки беному нишон ҳастанд.
Шунидам ӯ баҳорони ҷавониро,
Дар исёнҳо ба сар бурдаст.
Ситамҳо дида,
Заҳматҳо кашида,
Захмҳо хӯрда-ст.
Гӯш кун,
Мехонд акнун:
Бар гули гандум дурахшад офтоб,
Гесӯи заррини гандум хӯрда тоб,
Духтари деҳқон ба гандумзорҳо,
Аз чӣ рафта ахтари бахтат ба хоб?
Ох, дилей, дилей, дилей, дилей.
Садое ногаҳон аз дур меояд,
Сетор аз нағма меафтад,
Ҳама хомӯш мегарданд,
Деҳотиҳо саропо гӯш мегарданд:
Эй раъиятҳо,
Ҳазрати воло,
Фармудаанд азми шикор,
Мабодо ҳеч кас дар роҳашон бошад.
Битарсед аз ҷазо. Зинҳор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё