Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ноҳид, эй Илоҳаи зебоӣ,
Зебоии дигаре шуда меҳмонат.
Ишқу арӯси рӯйи замин омад,
Бар ҳуҷлаи бузургу дурахшонат,
То бингарад дар ойинаи хуршед.

Боли ситора шуд ба сипеҳр овехт,
Афсонаҳо шукуфту фусунҳо шуд,
Он пайкари зарифи зани дирӯз,
Ногоҳ осмон шуду дарё шуд,
Як лаҳза ёфт зиндагии ҷовид.

БОВАР НАМЕКУНАМ

Бовар намекунам, ки дар он боғи пурбаҳор,
Чизе ба ғайри зоғу ба ҷуз барги зард нест.
Бовар намекунам, ки дар он дашти мардхез,
Аз баҳри як набарди далерона мард нест.
Бовар намекунам, ки фурӯ мурда шуълаҳо,
Нуре дигар ба хораи дилҳои сард нест.
Мо шири дард хӯрдаву парвардаи ғамем,
Камтар касе ба ҷиргаи мо аҳли дард нест.
Бовар намекунам ҳама мастона хуфтаанд,
Дар роҳи чора ҳеч касе раҳнавард нест.
Бо дарду яъс қиссаи бунбастро магӯй,
Бовар намекунам ҳама ҷо роҳ бастааст,
Пайвандҳои маҳками ёрӣ гусастааст,
Тӯфон фурӯ нишаставу сангар шикастааст.
Бовар намекунам, ки табоҳию тирагӣ,
Баҳри абад ба тахти худоӣ нишастааст.
Сад бор агар бигӯӣ бовар намекунам,
Бовар намекунам, ки умеду набард нест.

ПАЖВОК

Эй қуллаҳои хуфта дар абр,
Эй кӯҳҳои сарди хомӯш
Сабри шумо бурд аз дилам сабр,
Оё ҳаёҳуи қурун,
Дар синаҳотон гардида мадфун?
Ё он садоҳо,
Шоду ғамнок,
Байни шумо шуд пайки пажвок.
Пажвок,
Пажвоки паранда,
Парвоз кард аз домани хок.
В-аз шохсори каҳкашонҳо рафт боло.
Печида акнун он садоҳо,
Дар кӯҳҳои ахтаре дур,
Бо рӯҳи ман ин нағмаҳо доранд пайванд.
Мехоҳам инро бишнавам аз рафтагон,
З-онҳо, ки ҳаргиз барнагарданд:
Садҳоҳазорон сол дар дунё чӣ буда,
Рози хушбахтии инсон,

пешина
аз 263
навбатӣ