ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Гар зери лаб бихандӣ бо кӯдакони дигар,
Фарёд орад аз хашм устоди тундхӯят.
Гар хандаат нахушкад он гоҳ аз чапу рост,
Силӣ хӯрад ба рӯят,
Эй кӯдаки қаламзан, санъатгари ҳунарманд!
ПИРАЗАН
Пиразане паҳлӯи дарича нишаста-ст,
Пиразане аз рӯзгори тайшуда хаста-ст.
Чашмаш бар кӯҳҳои дури меҳолуд,
Хотираи хуфта дар дилаш шуда бедор.
Абре аз пушти кӯҳ ояд боло,
Пайкари марде шавад ҷавону дилоро.
Марди ҷавон рӯ ба рӯйи панҷара гӯяд:
Ишқи ман, эй атри сарзамини баҳорон
В-эй зи ту сармаст ҷовидон дилу ҷонам,
Бингар оғӯши ман барои ту боз аст,
Баҳр ту овораи замину замонам.
Аз чӣ нишинӣ ба хона пурғаму танҳо?
Бархез, эй офтоби равшани зебо,
Рақс бикун рӯйи сабзаҳои пур аз гул,
Шеър бихон бо парандагони хушовоз,
Биншин бар болҳои боди саҳаргоҳ,
То уфуқи бекарон дарой ба парвоз.
Хез, ки рӯҳи баҳор мунтазири туст,
Чашми ману чашмасор мунтазири туст.
Абри сухангӯ шавад зи ҳам муталошӣ,
Дар дили дарёи абр гардад пинҳон,
Резад бар барги зард қатрае борон.
Ашке ба рӯйи чини пиразан афтад,
Печад дар гӯши ӯ садои дарунаш:
Охир, эй рӯзҳо, ки боз нагардед,
Аз чӣ диҳедам нуҳуфта ҳар нафас озор?
Чист хамӯшӣ пас аз шарора кашид,
Қиссаи кӯтоҳи нотамом шунидан.
З-ин ду мусибат кадом бошад бадтар:
Кӯр шудан, ё кӯр будан аз аввал,
Дидану додан зи даст, ё ки надидан?
Рехт ба дарёи бекарон шабу рӯзам,
Зудгузар ҳамчу мавҷҳои шиновар.
Пиразанак паҳлӯи дарича нишаста-ст,
Пиразан аз рӯзҳои гумшуда хаста-ст.
Марди ҷавоне ба ханда боз кунад дар,
Бӯса занад меҳрубон ба сурати модар.
Пирзан ӯро гирифта гарм дар оғӯш,
Ҳар чӣ ба ғайр аз писар карда фаромӯш.
БОЛИ СИТОРА
Барои Валентина Трешкова, нахустин зани фазонавард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё