Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин масъаларо низ ба таърих андохтан лозим меояд ва то аз ин гирдоб баромадан муносибатамро бо ҳамсар беҳтар кардан лозим меояд. Шояд маро дуои падар гирифта бошад? – Не-не ягон падар бадбахтии фарзандро намехоҳад. Ҳарчанд ман падару модарамро барои ишқи нокасе шуда дар назди дўсту душман шарманда намуда будам. Бубин лаънатиро боз аз дигар ҷой ҳам рафта зан мегирифт хуб буд, вале ҳамсояи худи моро гирифт. Чӣ ҳамон Маҳини қоқи дароз аз ман беҳтар буд, вале «хар чӣ донад хўрдани қанду набот….» Як моҳ пеш ба хонаи падарам рафтаму Маҳинро дидам, чун саги сўзанхўрда шудааст… Не, не падару модарам акнун аз ман розианд, ҳамеша таъкид мекунанд, ки қадри Зарифро донам. Охир ман Зарифро санг накашондаам– ку. Аз рўзи аввал ўро ҳамин хел скелет дидам, чун аспи този… Инжинери калони як муасисаи бузург бошад ҳам гўшту пуст нагирифт, инаш ҳам айби ман – мӣ? Тақдирро бин, ки бо Расул шинос шудам..
Шояд дуои Фирдавс манро гирифта бошад? – Не, охир ў манро тарк кард, не ман ўро. Ба бахташ худаш зомин шуд, акнун бигзор ҳамроҳи ҳамон саги сўзанхўрдааш умр ба сар барад, сазои он, ки ишқро қадр намекунанд ҳамин аст…
Дар ин бора бо Расул маслиҳат намоям. Охир ў олим аст, ягон маслиҳати дурусттаре медодагист.
Бо ҳамин андешаҳо ў ба назди телефон– автомати сари роҳ омада ба Муллоев занг зад… Боз занг заду занг зад, вале ҳеҷ кас гўшакро набардошт… Охир Нигор аз куҷо медонист, ки ҳамин лаҳзаҳо Муллоев ҳамроҳи дигар кормандон ба ҷанозаи Боқиев рафтаанд…
Ў лакоту хаста ба боғча даромада, хост Фирўзро гирад, вале мураббия хабар дод, ки даҳ дақиқа пештар Фирўзро падараш бурд…

Дар маҷлиси бегоҳирўзие, ки дар назди сардори ШКД–и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид, гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ масъалаи мазкурро аз рўйи ҳолати нав муайяншуда мавриди муҳокимаи пеш қарор доданд. Дар корҳои ҷустуҷўӣ тафтишотӣ аз ҳама вазнин ин куркурона амал кардан аст.
Мудати панҷ рўзи охир гурўҳи мазкур қариб дар ҳамаи шароит кор кард, аммо аз кадом нўги гиреҳ доштанашро намедонист.

пешина
аз 408
навбатӣ