Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тамоми роҳи бозгашт то милиса овози духтарчаи пахмоқмўе, ки «дадаҷон, дадаҷон» – гўён нола мекард, дар гўшаш садо медод…

Нигор чунин ранг гирифтани ташрифи хешро ба хонаи фарзанди падар ба гўшаи хотир ҳам наоварда буд.
Акнун чӣ мешуда бошад? – ба худ суол медод ў. Ба ҷуз ман калиди хона боз дар дасти кӣ бошанд? Ман ҳайрон, ки чаро шахсони дар хона буда баъди нўшидан болои мизро тоза накарданд. Ин милисаҳо ҳам бало, ҳарчанд қоил нашуданд, вале мумкин тайи чанд рўзи охир хонаро зери назорат гирифтаанд.
Афсўс ки ман ба гапи Расул гўш надодаму шитобкорӣ намуда ба он ҷо рафтам ва бо ин худро ба бало мондам. Шояд агар ман намерафтам, худи қотил ба он ҷо ташриф меовард ва ба даст меафтод.
«Хобатро ба об гўй, қотил ҳеҷ гоҳ дуюмбора ба он ҷо намеравад»,– нидо омад аз қалбаш. Вуҷудаш ларзид. Дар ҳақиқат қотил ҳамаи изу нақшҳои хешро барои он тоза намудааст, ки дуюмбора ба он ҷо барнагардад.
– Ин гап овоза хоҳад шуд ва маро ба рехтани хуни ноҳақе гунаҳгор хоҳанд кард. Охир ман ба номи Зарифу Фирўзҷон қасам хўрдам, наход милисаҳо бовар накунад. Фардо субҳ бояд ба милиса равам. Албатта, дар он ҷо ба ман хола – хола карда намешинанд. Ҳарчанд имрўз ягон гарданшахӣ накарда ба ҳамаи суолҳояшон ҷавоб додам. Агар ба суханонам бовар мекарданд, бояд маро дуюмбора ҷеғ намезаданд. Маълум мешавад, ки бовар накарданд. Охир ман дар ҳақиқат аз мурдани худ хабар дораму аз ҳодисаи дар хонаи Хумор рухдода не. Ҳамааш айби худам шуд, агар худам аз Хумор калидро талаб карда намегирифтам, ў аз ду сар худаш калидро намедод.
Бубин, барои муҳаббати марди бегона ба сари худ чӣ балоҳое овардам. Охир он линчаи ғомук шавҳарашро ба даст гирифта натавонад, айби ман чӣ? Маълум аст, ки Расул он чӣ ки аз ман мегирад аз Рухшона гирифта наметавонад. Шояд дуои Зариф маро гирифта бошад. Не, дар ҳақиқат то кунун ҳеҷ чизро намедонад, вагарна кафшҳоямро пеши по монда буд. Ҳаминаш барои ман беҳтар аст, ки худам қонунан аз ў ҷудо шавам.

пешина
аз 408
навбатӣ