АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ана ҳамин хел дар лаҳзаи душвор шавҳарашро ҳам хуб гуфт, аз номи шавҳараш мадад ҷўстан хост ва номи Зарифро сипари хеш кард. Ў ҳатто гуфт, ки ягон шиносе бо номи Давлат Боқиев надорад ва ҳатто илова кард, ки ҳафтае пеш худаш танҳо хонаҳоро хабар гирифта ва ҳоло шишаи коняку пиёлаҳоро дар меҳмонхона дида ҳайрон шуд…
Ҳарчанд гурўҳи тафтишотӣ бе иҷозати Соиб Сулаймонов дари хонаи Иброҳимовро кушоданд, вале ҳамин хел дар пеши дар дар монданд… Муаммо бештар шуду камтар не…
Сорбони Ҳомид ҳамагӣ ним соат пеш аз ҷаноза ба хонаи Боқиев омад. Мардумони зиёде дар пеши ҳавлӣ гирд омада буданд.
Гиряю нолаи ақрабои марҳум дили ўро реш – реш намуд, вале дарҳол худро ба даст гирифта, ба мардуми ба ҷаноза омада оҳиста –оҳиста назар дўхт… Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки пеш аз сафар чаро марҳум ба гўшаи дигари шаҳр рафтааст.
Аз он чӣ ки рўзи гузашта ҳангоми пурсиш ба даст овард, аз хонаи муқобил борҳо дар хонаи Иброҳимов суроби ду нафарро дидаанд. Агар ба гуфти Нигор Бурҳонова бовар кунад, касе ба ҷуз ў калиди он хонаро надорад, ё ки медонад…
Аз он чӣ ки дар хонаи Иброҳимов ҳама гуна изи дасту пойҳо пурра тоза карда шудаанд маълум мешавад, ки ҷинояткор ба амалиёт таёрии пухта дидааст, бехабар аз он ки маҳз ҳамин ҳаракатҳояш таваҷҷўҳи милисаро бештар карданд.
Охир Боқиев ҳеҷ гоҳ агар мақсади худкушӣ ҳам медошт, нақши гузоштаи хешро дар он хонадон тоза намекард. Маросими видоъ дар саҳни ҳавлӣ баргузор гашт ва чанд нафаре аз ҳамкорону ҳамсояҳо дар ҳақи марҳум сухани нек гуфтанд.
Баъди ҷаноза Сорбони Ҳомид ҳам аз пояи тобут, ки одамон болои даст ба тарафи манзили охират мебурданд, дошт ва ҳарчанд ба мардум аз қафои тобут рафта истода нигарист, ягон хулосае бароварда натавонист. Ҳама чун ў ғамшарики ин хонадон буданд. Ё дар назар ҳамин хел намуд? Шояд қотил ҳам он ҷо буд, мисли оне, ки гург дар пўсти меш меояд… Саволҳои беҷавоб бисёр буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё