Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модоме ки дар хона ягон нақш нест, пас касе баъди партофтани Боқиев онҳоро аз байн бурдааст. Вале кист он кас?
– Бояд аниқ намуд, ки он ду ошиқи зор, ки гоҳ–гоҳ дар хонаи Иброҳимов вомехўранд киҳоянд? – гуфт Абдуҷаббори Ислом. Модоме, ки калидҳо дар дасти Бурҳонова буданд, ман ўро номзади якум дар содиркунии ҷиноят меҳисобам ё Бурҳонова калидҳоро ба дигар кас додааст? Ман талаб мекунам, ки дар рўзҳои наздик ба ҳамин тарафи масъала рўшанӣ андозед, ҳамин хел не Алексей Владимирович?
– Бале, рафиқ майор, – аз ҷояш хеста ҷавоб дод сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Сендеров.
– Хуб мешуд, ки дар атрофии Бурҳонова кор мебурдед.
Фаҳмед, ки бо Боқиев ягон маротиба рў ба рў шудааст ё не? Аз он чӣ ки дар ҷайби мақтул ба ҷуз чанд пули пучак дигар чизе ёфт нашуд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷиноят бо мақсади роҳзанӣ сар задаст. Ҳарчанд ба таври расмӣ Боқиева (ҳамсари марҳум) пурсида нашудааст, вале ў бо директори Пажўҳишгоҳ Камолиддинов гуфтааст, ки субҳи рўзи якшанбе ҳамсараш сумкаю либосҳояшро гирифта, хайрухўш намуда, аз хона баромадааст. Пас канӣ он сумкаю либосҳо? Канӣ ҳуҷҷатҳо ва билети самолёт то Алма Ато?
Баъди баромади Абдуҷаббори Ислом ҳар як аъзои гурўҳи ҷустуҷўиву–тафтишотӣ оид ба ин масъала фикру ақидаи хешро иброз намуда, бо назардошти тағироту иловаҳо назарияҳои эҳтимолии содиршавии ҷиноятро ба плани корҳои таъҷилии ҷустўҷўӣ илова намуданд. Ба қароре омаданд, ки:
Якум ҷиноят бо мақсади роҳзанӣ содир шудааст. Дуюм бо назардошти он ки Боқиев дар яке аз институтҳои тадқиқотии ҷумҳурӣ курсии муайянеро ишғол мекард, ҷиноят ба мақсади ба даст овардани курсии мазкур содир шудааст. Сеюм аз сабаби он ки Боқиев аъзои Шўрои илмии Академия буд, дар давоми кор метавонист, ки кори илмии нафареро баргардонад, аз ин рў ҷиноят ба мақсади қасос анҷом дода шуда бошад. Чорум шояд Боқиев саҳван афтидааст. Масту сархуш ба назди балкон рафта сараш чарх задасту сарозер ба поён рафтааст. Бинобар ин ҳам шахси дуюм сару калобашро гум карда, ҳамаи нақшҳои гузоштаи хеш ва Боқиевро тоза намудааст.

пешина
аз 408
навбатӣ