Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
зимистона ва тобистонаи ягона дошта, ба ғулом монанд буд. Ихтисоси махсус надоштааст. Қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, се маротиба дар набардҳои ҳарбӣ иштирок намудааст. Маълум аст, ки соли 404-уми пеш аз милод ҳукумати 30-тиран аз хотири обрӯи баланди дар байни халқ доштанаш хостааст, ки ӯро ба тарафи худ ҷалб намояд, аммо ӯ аз ин таклиф даст кашидааст.
Яке аз шавқҳои дӯстдоштаи ӯ пайваста ба одамон додани суолҳои ҳайратовар будааст, ки аксарият ҷавоб дода наметавонистанд. Суқрот бошад, инро ба худаш нисбат дода, доимо худашро гунаҳгор ҳисоб мекард. Дар ҳақиқат, баъзеҳо онро қабул мекарданд ва мефаҳмиданд, ки ин рафтори фақиронаи Суқрот аст, то дар сӯҳбат рафиқро малол насозад. Дар баъзе сарчашмаҳо оиди қувваи таъсири афсун доштани суханони Суқрот ҳарф мезананд. Яке аз ҳамсӯҳбатони Суқрот менависад, ки ӯ маро то савол доданаш ҷоду кард ва дар фикри ман ҳама чиз омехта шуд.... Дигаре менависад, ки вақте ман Суқротро гӯш мекунам, дилам нисбати ҳарвақта бештар мезанад ва аз чашми ман об ҷорӣ мешавад. Ин Марсий маро ба ҳолате овард ва дар назарам чунин намуд, ки дигар ин хел зиндагие, ки ман дорам, умр ба сар бурдан имконнопазир аст... Ҳатто, ҳозир ман бараҳло медонам, ки бо Суқрот гӯш диҳам, тоқат карда наметавонам ва боз ба ҳамон ҳолат гирифтор мешававам...
Дигарон бошанд, баръакс дар суолҳои Суқрот як шакли масхараи одамони нодонро медонистанд. Ин як шакли бузурги истеҳзои таълимоти Суқрот оиди хештаншиносӣ аз сарчашмаи фалсафаи антиқа буда, барои тамоми насли оянда боқӣ мондааст. Аммо ин истеҳзо на ба ашрофон ва на ба демократҳои замони Суқрот писанд буд.
Бартарияти таълимоти Суқрот ва Афлотун он буд, ки тамоми қаҳрамониҳои асри 5-уми пеш аз милодро онҳо ҳамчун ганҷинаи хештаншиносии барвақт фаромӯшшудаи одамӣ меномиданд.
Суқрот сирри ҳақиқати сарватмандони ҷомеаи ғуломдории Афин, ки бо роҳи дуздию ғоратгарӣ ва истисмори ғуломони беҳуқуқ, ба зиндагонии шоҳона расидаанд, исбот карда, асос надоштани давлати авомфиреби замони худро ба мардум фаҳмонда медод. Баъдтар маълум мегардад, ки ӯ ба ҳамаи ин нобаробарӣ муқобилият карда, равандҳои фалсафии рафтори боақлонаи роҳбариро кор карда баромадааст, ки арзиши баланди таърихию роҳбарӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё