Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аммо дар замони худ давлатдорон дигар ба ҳақиқатгӯин Суқрот тоқат накарда, ба ӯ ҳукми қатл раво диданд, ки то ин дам дар Афина касеро чунин ҷазо надода буданд. Суқрот бошад, дар ақидаи ҳақхоҳӣ ва ҷаҳонбинии худ устувор буд.

Ҳатто ривояте ҳаст, ки «вақте Суқротро ба таги дор мебурданд, шогирде гуфт, ки устод гуноҳ надорад. Суқрот дар ҷавоб бо ханда гуфт, ки чӣ мехоҳӣ, ки устодатон гунаҳкор аз ин ҷаҳон реҳлат намояд».

Афлотун соли 407-ум, 8 сол пеш аз ҳодисаи қатл бо Суқрот шинос шуда буд. Саволе ба майдон меояд, ки Суқрот ба Афлотун чиро омӯзонд. Ҳатто ривоят мекунанд, ки ӯ чизеро наменавишт. Ӯ чунон соҳибмаълумот буд, ки касе дар сӯҳбат ба ӯ баробар шуда наметавонист. Ӯ фалсафаи ҳастиро хуб медонист. Саволҳои ӯ на дар бораи табиат ва на дар бораи худошиносӣ, балки бевосита дар бораи хештаншиносии одам, қобилияти донишу фаҳмиши инсонӣ ва ахлоқу маънавиёт ва рӯҳу хиради одамӣ буд, ки ҳатто то имрӯз ҷавоби худро аз тарафи файласуфон пурра наёфтаанд.

Ба назди Суқрот бо саволҳои гуногун, аз қабили некию бадӣ, равшанию торикӣ, дӯстию номеҳрубонӣ муроҷиат мекарданд. Пас аз ҷавоб аксарият дар пеши худ вазифа мегузошт, ки ӯ бояд оид ба ин масъала таълимоти чуқур бубарад ва боз биомӯзад.

Маълум мегардад, ки мувофиқи гуфтаҳои Арасту дар фалсафааш Суқрот дар он ҷустуҷӯи роҳи умумии рафтори инсониро мебинад, ки аз унсурҳои хурду алоҳида иборатанд, вале дар охир боз ба як мақсад муттаҳид мегарданд. Масалан, духтар соҳибҷамол аст, соҳибҷамолӣ чист? Маълум нест. Ва ё аспи соҳибҷамол? Соҳибҷамолӣ чист? Маълум нест. Ва умуман, соҳибҷамол гуфта, шумо чиро мефаҳмед? Аз рӯи муайян кардани нишонаҳои як духтар ва ё як асп дигар духтарон ва аспонро шумо аз соҳибҷамолӣ дур месозед? Оё ин рафтори муайянкунии шумо ҳақиқат аст? Бояд гуфт, ки усули саволу ҷавоби Суқрот, яке аз усулҳои бузурги ҷустуҷӯи ҳақиқат шуморида шуда, имрӯзҳо дар аксари тадқиқотҳои илмии дунё истифода карда мешаванд ва мо низ дар таълимоти менеҷмент онро ба шумо, хонандаи азиз, дар қисми 3 — юми китобамон пешниҳод кардаем...

пешина
аз 463
навбатӣ