Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар бораи фаъолияти ҷамъиятию сиёсии ӯ чизе нанавиштаанд, гарчанде аз оилаи ашрофон ба дунё омадааст. Шояд ӯ хеле ҷавон буд, аммо аз асарҳои ояндаи ӯ маълум мегардад, ки ӯ доимо файласуфи бузург ва донишманди давлати боқӣ мемонад.

Давлат барои ӯ ин шеъри зинда аст, ки дар он Афлотун фалсафаи худро андеша дорад. Аммо то вохӯрӣ бо Суқрот новобаста ба хоҳиши наздикону рафиқонаш оид ба вохӯриҳо ба муҳити сиёсии замони Афлотун ягон маълумоте дида намешавад. Ӯ аз роҳбарии давлатӣ даст мекашад. Гуфтан ҷоиз аст, ки муносибати хубу бади Афлотун ба корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, танҳо баъди вохӯрӣ бо Суқрот сурат гирифтааст. Вақте ки ӯ бо Суқрот шинос мешавад, вуҷуди ӯро инқилоби маънавӣ фаро мегирад. Аз ҳамон замон шурӯъ карда, Афлотун тамоми дигар машғулиятҳоро як тараф гузошта, ба зинаи дигари ҳаёти худ мегузарад, ки Суқрот барои ӯ офтоби доимӣ мегардад ва дар тамоми асарҳояш ҳатман аз гуфтори Суқрот ёд мекунад. Ҳатто гуфтори зиёде низ мавҷуд аст, ки гӯё баъди вохӯрӣ бо Суқрот Афлотун хоб мебинад, ки дар қафаси синаи Симурге ҷой гирифта, суруд хонда, парвози баланд дорад. Рӯзи дигар Афлотун аз хоб бармехезад ва бо овози баланд мегӯяд, ки «Суқрот аст Симурғи ман». Баъдан дар эҷодиёти «Қонунҳо»-и Афлотун гарчанде Суқрот иштирок накарда бошад ҳам, дар ин асарҳо нуқтаи баланди фаҳмиши фалсафии илоҳӣ мавҷуд аст, ки ҳар як роҳбари хештаншинос бояд аз он огоҳ бошад.

Акнун мо дар бораи Суқрот ва бузурггии ӯ чанд сухан гуфтанием.

Суқрот

Вақте ки Афлотун бо Суқрот шинос мешавад, Суқрот аллакай 60 — сола буд. Ӯ дар тамоми Юнон на фақат бо фалсафа, балки бо устодии хеш, фалсафаи ҳақиқатҷӯии зиндагӣ ва рафтори баланди хештаншиносии бемислу монанд машҳур шуда буд. Аслан, ӯ аз оилаи сангтарош ба дунё омада буд, ки ҳатто имкони ба фарзанд додани дониши баланд ва маълумоти инкишофи мавҷударо надоштааст. Дар рафтори беруна ва дохилаи Суқрот ягон нишонаи ашрофзодагӣ ҳам дида намешуд. Ӯ дар пешониаш доирача ва лабони ғафсу чашмони тез доштааст. Ӯро аксар маврид дар бозорҳою кӯчаҳо пои луч медиданд. Либоси

пешина
аз 463
навбатӣ