Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Барои кадом гуноҳам?
– Гўё намедонӣ?
– Не, гап зан.
– Сараввал барои пинҳон кардани ҷиноят, дуввум барои шантаж ва охирон барои таҷовузи он духтараке, ки дар бўстонсароят ба қатл расонданд.
– Ба ду гуноҳи аввалаам ман розӣ, вале гуноҳи охиринашро ман ба дўш намегирам.
– Виҷдонатро ту барвақт аз даст додаӣ ва акнун аз Худо шарм дор ва ақалан имонатро ҳизф намо.
– Гуфтам, ку Сабринисо ба ин кор худаш розӣ шуд.
– Дурўғ нагў охир ў тамоми шаб дар он бўстонсарои бефарёдат туро илтимос кард, ки ба номусаш хиёнат накун. Ёд дорӣ ҳатто дар пеши поят афтид, вале ту бошӣ…
– Молоко, ширда биё,– дод гуфтани зане ўро аз муколамаи минбаъда раҳо сохт…
… 13 …

Азбаски мақсади асосии ташрифи ҷинояткор ба бўстонсарои директори заводи шарбатбарорӣ маълум набуд, тафтишот аз кадом нуги гиреҳ гирифтанашро намедонист. Сорбони Ҳомид аз ташрифи Қамар Абдуғаниевич ба муфатиши прокуратура Зарифӣ занг зада хабар дод.
– Ўро пурсидед?
– Не.
– Чаро?
– Ба фикрам бе азназаргузаронии иловагии бўстонсаро пурсиш натиҷае нахоҳад дод.
– Шуморо фаҳмидам рафиқ лейтенанти калон. Бубахш, ки имрўз Шуморо дар ин «саёҳат» ҳамроҳи карда наметавонам.
– Чаро?
– Ману шеф (прокурор)-ро соати даҳ ба коллегияи прокуратураи ҷумҳурӣ даъват намудаанд. Боварӣ дорам, ки худат аз ўҳдаи ҳамаи кор мебароӣ, – гўён Холмурод Зарифӣ гўшакро ба ҷояш гузошт.
Ба назари Кабиров ин чанд дақиқа аз қарн ҳам дарозтар намуд, ки бори дигар гулу равшан карда, аз омадани хеш ба соҳиби кабинет хабар дод.

пешина
аз 416
навбатӣ