АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Сорбони Ҳомид аз говсандуқ чанд ғоқазеро ба бастаи чармини сиёҳ гузошта, папкаро ба даст гирифта, аз ҷой бархесту ба тарафи Кабиров нигариста гуфт
– Рафтем!
– Ба куҷо?
– Ба ҷойи ҳодиса…
… 14 …
Рухсора Давидова дар марги дугонааш гуноҳи хешро медид. Шиносои Сабринисо бо Кабиров маҳсули нақшаи кашидаи ў буд. Он шаб дар санаторияии Оби Гарм баъди «разведкаи иқтисодӣ» фаҳмид, ки аз Кабиров дида касе пулдортар нест ва бо ташвиқоти зиёде шаби дигар дугонаашро ҳангоми рақс барои ба даст овардани дили ин «ҳамёни пул»
сафарбар сохт.
Баъдтар вақте ки Сабринисо меҳмони бўстонсарои Кабиров шуд ва сари субҳ бо чашмони аз гиря варамида, ба назди дугонааш омад, ки аз болои Кабиров барои таҷҷовуз ба номусаш ба милиса рафта шикоят мекунад, ў садди роҳаш шуд.
– Ту чи девона шудаӣ? Чунин ҳодиса дер ё зуд бояд сар мезад, ҳар як сухани ноҷо қадри туро паст мекунад. Чӣ магар аз суд кардани Кабиров номуси ту пойдор мегардад? Баръакс ҳама аз ин кор огоҳ шуда, ба ҳолат механданд. Пусткандаи гап ҳамин, ки пирдухтар мешавию хостгоре ба дари хонаатон ангушт намезанад…
– Баъди ин ҳодиса худаш ҳам ҳамин тавр мешавад.
– Агар ақлатро ба ҷояш бигирӣ, ҳеҷ кас аз ин воқеа огоҳ нахоҳад шуд.
– Агар ў дар ягонҷо лақида монад чӣ?
– Кӣ?
– Ҳамон лаънатие, ки ба номуси ман таҷҷовўз кард.
– Намелақад. Ў ҳоло чун муши ба об афтида, дар тавсалаи халосии ҷони хеш аст. Ва мо худи ҳамин рўз киссаҳои ўро як боракак меафшонем. Барои «истироҳати нағз» ҳаққи хизматро ҷуброн кардан лозим.
Худи ҳамон рўз Рухсора ба назди Қамар Абдулғаниевич ташриф оварда, бо роҳи таҳдид Кабировро барои ҷуброн намудани «зарари расондааш» маҷбур сохт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё