АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳа, худи худаш вохўрд ва хост, ки дар ин бора ба мақомотҳои дахлдор рафта хабар диҳад, вале ту садди роҳи ин кор шудӣ. Туро ки барои ноуҳдабароият дар ҳамон давра аз заводи арматураи шаҳр аз кор ронда буданд, чӣ буд номаш?
– Сергей Павлович.
– Ҳа, худи худаш, туро дилу бедилон ба кор гирифт ва ҳатто то вазифаи инженери бехатарӣ бурд. Магар кам буданд дар он солҳо асирон, гирем падари худатро, охир ў ҳам дар ҳамин лагере ки вай…, эй номаш дар гўр равад, чӣ буд номаш?
– Сергей Павлович.
– Сергей Павлович менишаст дар асирӣ буд–ку. Он чӣ ки расми Сергей Павлович ҳамроҳи афсарони немис ба объектив афтодааст, ҳанўз маънои хиёнат ба ватанро надорад–ку?
– Чӣ магар инро ту аз падари ман беҳтар медонӣ, худораҳмати падарам дар бораи он мўйсафеди беимон (Сергей Павлович) чунон нақл кард, ки мўйи сарам рост хест.
– Агар чунин буд, пас чаро ўро ба маҳкама накашидед?
– Охир ў, аллакай, пой бар лаби гўр мондааст, пас кашмокаши зиёдатӣ чӣ лозим?
– Не, не, ту аз он зотҳое нестӣ, ки меҳру шафқат дар дилат ҷой гирад.
– Бовар кун, ҳамин хел аст.
– Дурўғ нагўй. Дурўғўи торикии имон аст ва дурўғгў душмани парвардигор.
– Набошад асли воқеа чӣ хел аст?
– Асли воқеа аслан ин тур аст. Агар он расмро ба мақомот ҳои салоҳиятдор месупоридед, санҷиш сар мешуд. Албатта, Сергей Павлович барои бегуноҳии хеш мекўшид, далелҳо меовард, ҳуҷҷатҳои бойгониҳои зиёдеро такурў мекарданд, мепурсанд, ки чи тур ин расм ба дасти падарат афтодааст ва мақсади ин қадар сол пинҳон кардани чунин ҷиноят агар дар асл Сергей Павлович ҷинояткор бошад, сари падаратро ҳам сила намекарданд…
– Даматро гир, прокурор.
– Афсўс, ки ман ба ҷуз худат бо касе суҳбат карда наметавонам, вагарна…
– Чаро хомўш шудӣ?
– Аввал туро ба маҳкама мекашидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё