АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Метарсам.
– Аз чӣ?
– Аз он ки барои он гўсфанди ҳисорӣ шуда, маро заҳр дода ба ҷаҳаннам нафиристӣ.
– Биё, Оишаро ба ҳоли худ гузор, ў аллакай як бор хонавайрон шудагӣ.
Ў худро дар оғўши ту андохт?
– Хайр, мақсадат чист?
– Ман туро мехоҳам ва на танҳо чун маҳбуба…
– Ман розӣ, фақат Оишаро ба ҳоли худ гузор,– гуфт ў…
… 12 …
Кабиров нисфи шаб хоби тарсноке дида бедор шуд. Ҳар қадар кўшид дигар хобаш набурд. Ҳазору як фикру хаёле ба сараш омад. Дирўз ў дигар ба милиса нарафт. Хост пурратар ба рафти воқеаҳо огоҳ гардад. Аз ин рў, ба хонаи сармуҳандис, ки дар айни ҳол вазифаи ўро ба дўш дошт занг зада хоҳиш кард, ки вохўрдан лозим.
– Марҳамат ба хона биёед,– гуфт Бозор Ғафуров.
– Дар чунин рўзе ки ҳама дар кўчаҳо сайругашт доранд, дар хона истодан маъние надорад, беҳтараш ман Шуморо дар назди тарабхонаи «Помир» интизор мешавам…
Вохўрӣ бо сармуҳандис дарди ўро дармон нашуд, баръакс ғаму андўҳро дар дилаш бештар ҷой дод.
Албатта, чун ҳар як мусулмон воқеаи ба сари Сабринисо омадаро аз тақдираш арзёбӣ мекард. Вале аз чӣ бошад, ки дилаш ором намегашт. Охир воқеаи ба сари Сабринисо омада метавонист ба сари ў ҳам нохушиҳои зиёде биёрад. Барои чунин андешаронӣ асосҳои кофӣ мавҷуд буд. Охир куштор на танҳо дар дигар ҷо, балки дар бўстонсарои ў рух додааст.
Акнун, бадбинонаш ҳамаи инро дастак карда, то куҷоҳо шикоят мебаранд.
– Чоҳкан зери чоҳ!– нидо омад аз қалбаш.
– Хомўш!
– Чӣ аз гапи ҳақ метарсӣ. Магар фаромўш кардӣ, ки вақте мўйсафеди падарат бо вай чӣ буд номаш?
– Сергей Павлович.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё