Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Эй занак, аз гуфтанам хомўшӣ авлотар,– гуфт мўйсафед.
– Боз ҳамин дардҳои панҷ сол пеш гирифта хуруҷ кард.
– Агар ҳамон вақт ба гапам гўш медодӣ, ҳеҷ чизро бой намедодем.
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ мардак? Охир, ягон гўшаи дунё ба фикрам чун Тоҷикистон биҳишт нест. Не, мардак ман дуюмбора ба он гўшаҳои хунук рафтан намехоҳам.
– Охир, ягона писарамон дар он ҷо, то ба кай мо аз риштаи ҷони хеш зиндаҷудо мегардем.
– Охир, Володия, ба гапи мо гўш надод–ку, чӣ магар дар ҳамин мулк барои ў ҷой набуд?
– Акнун вақти он расидааст, ки аз ду якеро интихоб кунӣ: ё ман, ё ҳамин мулк?
– Ту чӣ, ақлатро хўрдӣ магар. Ё гумон дорӣ, ки дар он ҷо чашми ҳама ба роҳи мо чор аст. Ҳоло дер нашудааст, бори дигар андеша намо. Он келине ки аз туст як моҳ ҳам моро намебардорад. Пас чаро мо худро саргардон мекардем.
– Сухани ман қатъист.
– «У тебя ослинный характер».
– Жаль что в юности у меня его небыло…

… 11 …

Пас аз воқеаҳои моҳи июл дар бўстонсаро тайи чанд рўз ў ба кор набаромад. Хост, ки дар набудани директор ариза навишта аз кор равад, вале ин кори ў метавонист масъалаи зиндагии Оишаро ҷигилтар созад. Ба ҷуз бо котиба гуфтугў кардан, ў дигар роҳи аз ин варта баромаданро надид.
Ниҳоят рўзе дар набудани директор ба қабулгоҳ рафта, котибаро ба зиёфати бегоҳирўзӣ таклиф кард.
Сабринисо яку якбора ба зиёфатхўрӣ розӣ нашуд, ҳар хел баҳонаҳо пеш овард. Танҳо баъди як моҳ бо азобе ба ў муяссар шуд, ки шоме ҳамроҳи котиба ба тарабхонаи «Душанбе»
раванд.
– Хуш, чӣ мефармоянд?– баъди ба сари миз нишастан пурсид ў.
– Ҳеҷ чиз.
– Чаро?

пешина
аз 416
навбатӣ