Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу бишнид Дастон, дилаш бардамид,
Зи бас меҳр бар ҷони худ н-орамид,
Хиромид бо бандаи пуршитоб
Ҷаҳонҷӯй Дастон аз ин сӯи об.
Чу з-он сӯ парастандагон дид Зол,
Камон хост аз турку бифрохт ёл,
Пиёда ҳаме шуд зи баҳри шикор,
Хашансор дид андар он рӯдбор.¹
Камон турки гулрух ба зеҳ-бар ниҳод,
Ба дасти чапи паҳлавон-дар ниҳод,
Бизад бонг, то мурғ бархост з-об,
Ҳаме тир андохт андар шитоб,
Зи парвозаш овард он гаҳ фуруд,
Чакон хунваше шуд аз ӯ оби рӯд.
Ба турк он гаҳе гуфт: «З-он сӯ гузар,
Биовар ту он мурғи афкандапар!»
2
Парастанда бо ридаки моҳрӯй
Сухан гуфту з-он паҳлави номҷӯй,
Ки ин шербозу гави пилтан
Чи мард асту шоҳи кадом анҷуман,
Ки бикшод аз он гуна тир аз камон,
Чи санҷад ба пеш-андараш бадгумон?
Надидем зебандатар з-ин савор,
Ба тиру камон-бар чунин комгор.
Парирӯй дандон ба лаб-бар ниҳод,
«Макун, – гуфт, – з-ин гуна бар шоҳ ёд,
Шаҳи Нимрӯз аст, фарзанди Сом,
Ки Дастон-ш хонанд шоҳон ба ном,
Нагардад фалак бар чун ӯ як савор,
Замона набинад чун ӯ номдор!»
Парастанда бо ридаки моҳрӯй
Бихандиду гуфташ, ки «Чун ин магӯй,
Хашансор – мурғобии тираранги сарсафед.
Ридак – ғулом; ғуломи ҷавон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё