Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бипаррем, то мурғи ҷоду шавем,
Бипӯему дар чора оҳу шавем,

Магар шоҳро назди моҳ оварем,
Ба наздики ту пойгоҳ оварем!»

Лаби лаъл Рӯдоба пурханда кард,
1
Рухони муасфар суи банда кард,

Ки «Ин бандро гар бувӣ корбанд,
Дарахти барӯманд корӣ баланд,

Ки ҳар рӯз ёқут бор оварад,
Хирад бори он дар канор оварад!»

РАФТАНИ КАНИЗАКОНИ РӮДОБА
БА ДИДАНИ ЗОЛИ ЗАР

Парастанда бархост аз пеши ӯй,
Бар он чора бечора бинҳод рӯй.

Ба дебои румӣ биоростанд,
Сари зулф бар гул биперостанд.

Бирафтанд ҳар панҷ то рӯдбор,
Зи ҳар бӯю ранге чу хуррамбаҳор.

Маҳи фарвадину сари сол буд,
Лаби рӯд лашкаргаҳи Зол буд.

Аз он сӯи рӯдон канизон буданд,
Зи Дастон ҳаме достонҳо заданд,

Ҳаме чида гул аз лаби рӯдбор,
Рухон чун гулистону гул дар канор.

Нигаҳ кард Дастон зи тахти баланд,
Бипурсид, к-«Ин гулпарастон киянд?»

Чунин гуфт гӯянда бо паҳлавон,
Ки «Аз кохи Меҳроби равшанравон,

Парастандагонро суи гулситон
Фиристад ҳаме моҳи Кобулситон».

Муасфар – зардранги ба сурхӣ моил. Бо ранги гули усфур (заъфарони ёбоӣ) рангкардашуда.

пешина
аз 345
навбатӣ