Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки моҳест Меҳробро дар сарой,
Ба як сар зи шоҳи ту бартар бапой,

Ба болой соҷ асту ҳамранги оҷ,
Яке эзадӣ бар сар аз мушк тоҷ,

Ду наргис дижамму ду абрӯ ба хам,
Сутуни ду абрӯ чу симин қалам,

Даҳонаш ба тангӣ дили мустаманд,
Сари зулф чун ҳалқаи пойбанд,

Ду ҷодуш пурхобу пуроб рӯй,
Пур аз лола рухсору пурмушк мӯй,

Нафасро магар бар лабаш роҳ нест,
Чун ӯ дар ҷаҳон низ як моҳ нест!

Хиромон зи Кобулситон омадем,
Бари шоҳи Зобулситон омадем,

Бад-ин чора, то он лаби лаълфом
Кунем ошно бо лаби пури Сом.»

Чу бишнид з-он бандагон ин паём,
Рухаш гашт з-ин гуфтаҳо лаълфом,

Чунин гуфт бо бандагон хубчеҳр,
Ки «Бо Моҳ хуб аст рахшанда Меҳр!»

Ба пайвастагӣ чун ҷаҳон рой кард,
Дили ҳар касе меҳрро ҷой кард.

Чу хоҳад гусистан, набояд-ш гуфт,
Бибуррад сабук ҷуфтро ӯ зи ҷуфт.

Диловар чу парҳез ҷӯяд зи ҷуфт,
Бимонад ба осонӣ андар нуҳуфт.

Бидон то-ш духтар набошад зи бун,
Набояд шунидан-ш нанги сухун.

Чунин гуфт мар-ҷуфтро бози нар,
Чу бар хоя биншасту густурд пар,

К-«Аз ин хоя гар моя берун кунӣ,
Зи пушти падар хоя берун кунӣ!»

Аз эшон чу баргашт хандон ғулом,
Бипурсид аз ӯ номвар пури Сом,

пешина
аз 345
навбатӣ