Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба фармони Яздон чу ин гуфта шуд,
Ниёиш ҳамон гаҳ пазируфта шуд,

Бипаррид Симурғу бар шуд ба абр,
Ҳаме ҳалқа зад бар сари марди габр,

Зи кӯҳ-андар омад чу абри баҳор,
Гирифта тани Золро дар канор,

Зи бӯяш ҷаҳоне пур аз мушк шуд,
Ду дида маро бо ду лаб хушк шуд.

Зи саҳми вайу бӯяи пури хеш
Хирад дар сарам ҷой нагрифт беш!

Ба пеши ман овард чун дояе,
Ки аз меҳр бошад варо мояе,

Забонам бар ӯ-бар ситоиш гирифт,
Ба Симурғ бурдам намоз, эй шигифт!

Ба ман монд фарзанду худ бозгашт,
Зи фармони Яздон нашояд гузашт.

Ман овардамаш назди шоҳи ҷаҳон,
Ҳама ошкоро бикардам ниҳон.»

БОЗГАШТАНИ ЗОЛ БА ЗОБУЛИСТОН

Бифармуд пас шоҳ, то мӯбадон,
Ситорашиносону ҳам бихрадон

Биҷӯянд, то ахтари Зол чист,
Бад-он ахтар аз бахт солор кист.

Чу гирад баландӣ, чи хоҳад будан,
Ҳама достонҳо бибояд задан!

Ситорашиносону ҳам мӯбадон
Гирифтанд як-як зи ахтар нишон,

Ки ӯ паҳлавоне бувад номдор,
Сарафрозу ҳушёру гурду савор.

Чу бишнид шоҳ ин сухан, шод шуд,
Дили паҳлавон аз ғам озод шуд.

Яке хилъат орост шоҳи замин,
Ки карданд ҳар кас бар ӯ офарин.

пешина
аз 345
навбатӣ