Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саранҷом гетӣ зи Симурғу Зол
Пур аз достон шуд ба бисёр сол:

«Бирафтам ба фармони Кайҳонхудой
Ба Албурзкӯҳ, андар он сахт ҷой,

Яке кӯҳ дидам сар андар саҳоб,
Сипеҳрест, гуфтӣ, зи хоро бар об.

Бар ӯ-бар нишему чу кохи баланд
Зи ҳар сӯ бар ӯ баста роҳи газанд.

Бад-ӯ-андарун баччасимурғу Зол,
Ту гуфтӣ, ки ҳастанд ҳарду ҳамол.

Ҳаме бӯи меҳр омад аз боди ӯй,
Ба дил шодӣ овардаме ёди ӯй!

Набуд роҳ бар кӯҳ аз ҳеч рӯй,
1
Давидам басе гирди ӯ пӯй-пӯй,

2
Маро бӯяи пури гумбуда хост,
Ба дилсӯзагӣ ҷон ҳаме рафт хост.

Або довари пок гуфтам ба роз,
Ки, эй чораи халқу худ бениёз,

Расида ба ҳар ҷой бурҳони ту,
Нагардад фалак ҷуз ба фармони ту,

Яке бандаам ман, вале пургуноҳ
Ба назди Худованди Хуршеду Моҳ,

Умедам ба бахшоиши туст, бас,
Ба чизе дигар нестам дастрас.

Ту ин бандаи мурғпарвардаро,
Ба хориву зорӣ баровардаро,

Ҳаме чарм пӯшад ба ҷои ҳарир,
Мазад гӯшт ҳангоми пистони шир,

Расон боз бо ман, маро роҳ кун
Суи ӯву ин ранҷ кӯтоҳ кун,

Ба бадмеҳрии ман равонам масӯз,
Ба ман бозбахшу дилам барфурӯз!

Пӯй-пӯй – пӯён-пӯён, давон, тозон.
Бӯя – орзӯ, хоҳиш.

пешина
аз 345
навбатӣ