Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи аспони тозӣ ба зарринситом,
Зи шамшери ҳиндӣ ба зарринниём,
Зи дебову хаззу зи ёқуту зар,
1
Зи густарданиҳои бисёрмар,
Ғуломони румӣ ба дебои Рум,
Ҳама пайкар аз гавҳару зар-ш бум,
Забарҷад табақҳову пирӯза ҷом,
Чи аз зарри сурху чи аз сими хом,
Пур аз мушку кофуру пур заъфарон,
Ҳама пеш бурданд фармонбарон.
2
Ҳамон ҷавшану таргу баргустувон,
Ҳамон найзаву гурзу тиру камон,
Ҳамон тахти пирӯзаву тоҷи зар,
Ҳамон муҳри ёқуту зарринкамар
В-аз он пас Манучеҳр аҳде набишт
Саросар ситоиш ба сони биҳишт,
Ҳама Кобулистону Кашмиру Ҳинд,
3
Зи дарёи Чин то ба дарёи Синд,
4
Зи Зобулситон то ба дарёи Буст
Ба оин набиштанд аҳде дуруст.
Чу ин карда шуд, Сом бар пой хост.
Бигуфт: «Эй гузин меҳтари доду рост,
Зи моҳӣ, барандеш, то чархи Моҳ
Чу ту шоҳ нанҳод бар сар кулоҳ!
Ба меҳру ба хубӣ, ба ройу хирад
Замона ҳаме аз ту ромиш барад.
Ҳама ганҷи гетӣ ба чашми ту хор,
Мабодо ба ҷуз номи ту ёдгор!»
Фароз омад ӯ, тахтро дод бӯс,
Бибастанд бар кӯҳаи пил кӯс,
1
Мар – воҳиди ҳисоб, баробари сад ҳазор.
2
Тарг (тарк) – кулоҳи ҷангӣ, тоскулоҳ.
Синд – дарёе дар вилояти Синди Ҳинд.
Буст – шаҳре низ дар Эрон дар соҳили ин дарё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё