Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нафаси Гулрез аз гиря ба дарун меафтод, аммо пас аз лаҳзае боз овозашро мешуниданд. – Шаш моҳ касалбонӣ карда базӯр шавҳарамро ба по хезонда будам-е, ҳайфи меҳнатом, сад ҳайфи дар болои сараш шабҳоро саҳар карданоме, ҳайф.
Баъзеҳо ба суханони Гулрез бовар ҳам мекарданд, ки Давлатмуродро наҳсӣ задааст. Ҳатто худи Санам гоҳо дудила мешуд, ки шояд агар ҳамон бегоҳ ҳамроҳи Маҳрам аз бозор хариди бисёр карда, ба аёдати падар намеомаду дар беруни дарвоза намедидаш, ба вай ҳеҷ гап намешуд. Шояд кӯтоҳӣ аз Санам гузаштааст. Умре дорад ҳамин фикр озораш медиҳад, мисле ки дар марги падар гунаҳгор.


Борон аз боридан намонда, баръакс шиддат ёфт, гӯё аз осмон ба замин сатил-сатил об мерехт, сангоб пуробтар гашт, садояш ҳамон гӯшхарошу ваҳмангез, тарақотуруқи ба ҳам бархӯрдани сангҳо. Дарахти чинор ва Сархӯрро сел аз куҷо ба куҷо расонда буд? Медонист, дар чанд ҷо, дар тангно ва ҳангоми бархӯрдан ба сангҳои азим дарахт дармемонд, гирдогирдаш селоб тоб мехӯрд, аммо дигар онро ҷунбонда наметавонист, то даме ки сел аз боло зиёд шуда бо шаст ва шӯру шанг ба поён намехамид. Ба хаёли Сархӯр боз қиёмате, аз селоб дуд мехест, чанг ба осмон. Медонист, ки деҳаҳои Навобод, Дуобаи боло, Дуобаи поён ақиб монданд. Дар пеш боғу токзорони деҳаи Нилкон, лаб-лаби сангоб дарахтзор, бехи аксари онҳоро оби сангоб рахна кардааст. Баъзеашон ба болои сангоб хам задаанд. Вай борҳо аз таги ин дарахтон гузар намудааст. Медонад, ҳоло умедаш ба ҳамин дарахтони рӯ ба об хамида. Шояд имкон мешавад, ки навдаи якеи он ба дасташ мехӯрад...
Ҳамин гуна имкон омад. Дарахти чинор бех-бехи сангоб, таг-таги дарахтон меғелид. Болои сар шоху навдаҳои дарахтон. Дасти Сархӯр баъди чанд бори талош ба навдаи яке аз онҳо расид, дар орзуе, ки онро дошта боло мешавад, аз сангоб мебарояд.

пешина
аз 234
навбатӣ