Ишқи сархӯр

Баъд халосӣ, ӯ боз дар рӯи олам. Аммо ба дасташ навдаи чи дарахте омада, ки беҷонак, беқувват, борик, дар навда овезон монд, почак мезад, пойҳояш то ба зону дар даруни селоб. Бехи дарахтро селоб меканд, дар тани дарахт ларза, дар дили Сархӯр ҳам ларза, гӯё таб гирифта ӯро, аз тарс, аз ҳаросе, ки ҳамин ҳоло ба ҷӯши селоб меравад, дар дами хайрбодгӯӣ бо дунё, бо модар, бо Лутфия буд. Насибаш будааст, на ҳар кас дар ин дунё ба орзую ҳавасҳояш мерасидааст. Садои қасар-қасар канда шудани решаҳои дарахт баланд гашт, навда аз дасташ раҳо ёфт, боз бо дарахт якҷоя ба даруни селоб ғалтид, дарахт ва Сархӯрро об мебурд. Ба ногоҳ ҳис намуд, ки пеши роҳи дарахт чӣ монеае омад, намеҷунбид, селоб дар гирдаш дамиш хӯрда об баланд мешуд. Дид, ки ҳамон дарахти чинор, тарвоза гашта дар миён. Шоху навдаҳои чинор бо шоху навдаҳои дарахте, ки Сархӯр ба онҳо часпида буд, ба ҳам печиданд. Ду дарахт рӯиҳам, яктоаш бузург, дигари камнавдаву хурд. Селоб ба дарахтҳо зарба мезаду зарба. Ҳарду дарахт якнима аз селоб берун монданд.
Сархӯр худро ба болои дарахти чинор кашид. Ӯ дидаст, ки аз саҳар боз селоб ба он бармехӯрад, сангу сафол, чӣ балою батарҳои дигарро бар сари он мерезонад, ҳазорҳо буттаю дарахтони майда-чӯйдаро бо решу бунашон аз талу теппа, боғу майдонҳо канда аз болои чинор мегузаронад, лекин то ҳол шоху навдаҳои он ҷобаҷо, нашикастаанд. Селоб ҳоло ҳам бо дарахти чинор дар набард. Гоҳе онро ба роҳ меандозад, чинор пешандози селоб. Вале боз ба кадом санги азим ё дар оброҳае дармонда, селоб боз дар гирди он саргардон, дамиш хӯрда то шохаҳояш мерасад, кӯл мешавад, боз канда мехӯрад, офарин, таҳсин ба чинори тавоно, ба селоб гардан намедиҳад.
Чанд лаҳза Сархӯр бо айби худаш аз чинор маҳрум монд, рӯ ба дарахти дигар шуду ҷазояшро дид, аз карда пушаймон.
Ҳоло чинор боз дастгираш. Аз селроҳа берун, даме озод нафас кашид. Ҷовидон бимонад чинор, садқаю банда шавад ба он шахсе, ки дар кадом садсолае онро шинондааст, рӯҳаш шод, ҷояш ҷаннат бод. Ҷовидон бимонад чинор, дар решаҳояш саҷда мекунад. Чинорро мепарастад, зинда монад мисли бобои Комил умре дар дашту биёбонҳо чинор мешинонад, ниҳол мепарварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё