Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гулрез шунида, ки дар «Чаҳоркитоб» таъкид шуда: Аз касофатии як одами наҳс аҷаб не як маҳал, як шаҳр ва аҷаб не, олам хароб шавад. «Санаму Маҳрам касофат, наҳс». Дар солҳои подабон будани Маҳраму Санам наҳс гуфта, ба сари онҳо чӣ балоҳо оварда буд.
Касали мол омад. Ду-се сар моли майдаю як гови ҷӯшои амаки Асадулло талаф ёфт. Баъд касалӣ аз подаи моли Санаму Маҳрам ба гову моли деҳа сироят намуд. Ба модарандар Худо дод. Пеши раҳи пода ва Санаму Маҳрамро гирифт, почаҳои лозимиашро бар зада ба миёни пода даромад, тӯй андохт, бедоира мерақсид, бо тамоми овоз фарёд мезад:
– Ай мардум, гӯш диҳед, ман чӣ мегӯям. Аз касофатии ҳамин Санаму Маҳрам ба подаи амаки Асадулло касал омад, ба молҳои халқ ҳам гузашт. Ҳоло ин кам аст, ба номи Худо қасам, аз наҳсии инҳо деҳа алов мегирад, касали марги одамон ҳам меояд, мардум қир мешаванд, фаҳмед! Ҳаминро фаҳмед!! – Овози Гулрез баландтар мешуду аз миёни гову мол, ки чанги хокро ба осмон бардошта буданд, баромада наметавонист.


Рӯзи фавти падар аз хотири Санам намеравад. Чӣ карду накард ӯ ба Санам падар. Гулрезу духтаронаш вайро ба мурдаи падар наздик шудан намонданд. Гулрез дар рӯзи ҷаноза худро девона сохт. Аз куҷое либосҳои мотамӣ пайдо карда, сар то қадамашро бо онҳо чунон печонд, ки танҳо чашмони оташбораш медурахшиданду бас. Дар даст асои дарозе рӯ-рӯи ҳавлӣ медавид, панҷа ба дару деворҳо мезад, мӯй меканду рӯй.
– Хонаам, вой хонаам! – фиғон андохта, номи Санамро мегирифт. – Шавҳарам сиҳат шуда буд-е, бо пои худаш аз дарвоза баромаду рӯяш ба наҳсӣ зад-е. Аҷалаш будааст духтараш, «Дада, дадаҷон!» гуфта худашро ба гардани падар овехт, ана, баъд вайро бӯсиду бӯсид. Ҳис намудам, ки кори мардакам шуд. Аз чанголи наҳс халос карда, ба хона кашолааш кардам. Ба хона даромаду ба болои ҷойхобаш афтод, дигар сар набардошт, аз гапу ҳарф монд, ба саҳар нарасид, ҳамин хел шуд, дидед, дидори наҳс, ҷунуб чӣ хел дар як дам одама калапар мекардааст.

пешина
аз 234
навбатӣ