Ишқи сархӯр

– Якто аст, ҳамон ҳам духтар, хизматгорат мешавад.
– Хизматгор не, ана, ҳамин духтарат кушандаи ман мешавад, рӯз намедиҳад, оби ману туя лой мекунад, ман вая чашми дидан надорам, ҳоло ҳам вақт ҳаст, як шаб нагузаштааст, дастатро ба тани ман нарасондаӣ, ҳалолу покизаам, дасти ду кӯдакамро мегираму аз хонаат меравам, ё духтарам мегӯӣ ё мана. – Гулрез аз даруни ҷойхоб рост шуд.
– Ба шартат розиям, Гулреза мегӯям, ба ҳеҷ куҷо намеравӣ, ту орзуи ман, ҳаваси ман, чи ки мехоҳӣ ҳамон мешавад, гуфта будам-ку мехӯрамат, солҳо дар фироқи ту будам, ту офтоби ман, моҳтоби ман, зиндагии ман, бе ту наметавонам, ба Худо наметавонам, – аз домони Гулрез кашид, Гулрез ба паҳлуи ӯ, ба ҷойгаҳ даромад. – Гуфта будам-ку туро мехӯрам, – даст дар домани ӯ кӯрпаро ба рӯяшон кашид. Баъд надонист ба Гулрез чӣ гуфту чӣ карду накард, хастаю монда, шалпар, арақшор ба Гулрез пушт гардонд. Дигар надонист, ки дар олам чӣ гапу чӣ хабар… Ин ҷо тақдири минбаъдаи Санам ҳал гашт, байни падар ва завҷаи наваш Гулрез савдо шуд, падар бояд дигар духтари бемодармондаашро нашиносад, ӯро духтарам нагӯяд, ҳамин қавлу қасам ёд кардан буд, ки падар дигар нафаҳмид, ки он шаб духтараш куҷо шуду куҷо рафт.
Санам сари гӯри модар рафта буд, дар як кӯзача об ҳам гирифта. Шунида буд, ки зан бимираду шавҳараш пас аз сари вай хонадор шавад, ӯ аз рашк дар гӯр алов гирифта месӯхтааст, хокистар мегаштааст. Ана, дар ҳамон лаҳзаҳо ҷигарсӯзе лозим буда, ки болои гӯраш об резад, оби сарди сард. Ба хаёли Санам модари ӯ аз духтаракаш дида ҷигарсӯзтари дигаре надошт. Падари Санам боз зане гирифт, ки ҳамеша бо модари вай дар ҷангу ҷанҷол буд. Айби кӣ?
Айби холаи Гулрез. Аммо дигарон мегуфтанд, ки модари Санам ҳам гунаҳкор. Ба қавле онҳо аз чиллаю чормоҳагӣ бо ҳам носоз. Хурд будаанду душмани ҳамдигар, рӯйканиву мӯйканӣ, мисле, ки моли падар байнашон тақсим нашуда. Ба дараҷае, ки сояи якдигарро аз дару деворҳо кандан мехостаанд, дар ҷое, ки яке нишинад, дигаре аз он ҷой парҳез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё