Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дидӣ, дар як ҳарфам алов мегирӣ, пагоҳ занат шаваму хонаат равам, пеши даҳони очата гирифта метавонӣ?
– Метавонам, туро нағз мебинам.
– Ман ҳам туро нағз мебинам, лекин гуфтам-ку, дар байн душман – занат, очаат.
– Дастатро деҳ,– гапро ба дигар тараф бурд Давлатмурод,– поён меравем, – тарафи хоначаи боғро ишора намуд.
– Хоначаи Давлатмурод?
– Он тарафаш кори ман.
– Сари сангу кулӯх?
– Аз они худам мешавӣ.
– Намехоҳам, зан дорӣ, аз ҳама бадаш очаат, вай маро аз қадим шум мебинад, метарсам.
Андаке фурсат нагузашта ҳама бо хости Гулрез шуд.
Давлатмурод аз модар ва завҷааш ҳам монд. Ина бинед, ҳамон Гулрезе, ки «ба боғ бурда маро чӣ мекунӣ? Сари сангу кулӯх» – гуфта, ҳавасашро бедор мекард, ҳоло дар ихтиёри Давлатмурод. Дар хоначаи боғ, дар сари сангу кулӯх не, вай дар даруни хонаи бо ҳазор орзую ҳавас зебу оро додаи худаш.
Бармехезаду даст ба тахти кӯрпаю болинҳои зарбофту махмалин ва кундали модари Санам мебарад. Аз тахт кӯрпа меканад, ҷойхоб меандозад, лек…боз чӣ лек? Духтаракони Гулрез
– Маҳинаю Моҳрӯ аз ду пара дар паҳлуяш. Хесту бо меҳрубонӣ ҳардуи онҳоро ба оғӯш гирифт, аз дари хона баромад.
Ҷояшон пушти дар. Дар доманашон қанду қурс, пул рехт.
Баҳрашон ҷойхоб густурд, баъд баргашт боз назди аз ҷону ҷигар азизтараш Гулрез. Дид, ки барояшон ҷойхоб омода сохтааст, лаби кӯрпаро бардошт, ба ҷойгаҳ даромад.
– Шукр.
– Чӣ шукр? – Таги гапи Давлатмуродро фаҳмида пурсид Гулрез
– Душман намонд.
– Чӣ хел забонат пеш рафт, ки душман намонд мегӯӣ?
– Зан дорӣ мегуфтӣ, модарат мегуфтӣ, канӣ онҳо? Дар куҷоянд?
– Ҳозир, ҳамин ҳозир ба сари ману ту кӣ қиёмат андохт?
Дарро кӣ маҳкам кард? Кӣ қулф андохт? Марди кӯдакдора намегирам гуфта будам.

пешина
аз 234
навбатӣ