Ишқи сархӯр

Дар миёни ҳавлӣ гулхан афрӯхтанд, холаи Гулрез аз дасти падари Санам дошта, вайро ба рақс кашид. Ҳарду мерақсиданд. Чӣ бераҳмӣ, беинсофӣ, номусулмонӣ, ки дар хонаи мурдадор тӯй. Санаму холааш яке «очам», дигаре «хоҳарам», гуфта нола мекарданд.
Бо фармони падар Санаму холаашро аз хона бароварданд, арӯсхона оростанд. Домод падари Санам, арӯс – Гулрез.
Холааш аз дасти Санам дошта «биё, бачам, меравем», гуфта роҳакӣ шуд. Вале Санам гапи ӯро нагирифт, ба дари хона қулф андохт. Лаҳзае нагузашта ӯ куҷо шуд, касе намедонист. Падари Санаму арӯсаш ва тӯякиҳо дар паси дар монданд, дар қулф.
– Дарро кушоед, мунтазирии арӯс дар паси дар хосияти нек надорад, дарро кушоед! – Қудошавандаҳо, чанд зани миёнасол, ки рӯймолҳои қадимаи чоргул ба сар андохта буданд, овоз баланд карданд.
Аммо дар кушода нашуд, калидро намеёфтанд. Падари Санам зӯр зада дарро тела медод, бо мушту лагад мезад, асабӣ мешуд.
– Худозадаи Санам, ту дар куҷоӣ? Дарро кушо мегӯям, падарлаънат, кушо, мекушам, – фарёд мезад. Вале Санам куҷо рафта? Намедонистанд, вайро намеёфтанд. Ӯ набуд, ки набуд.
Ҳавлӣ камодам шуд. Ба дили падари Санам, мехост ҳама бираванд, ӯ бимонаду Гулрез, танҳо ба танҳо. Дар рӯзҳои зинда будани модари Санам ҳам ҳушаш ба Гулрези саиба кашол буд, ба дилаш қошуқ метарошид, ки ба вай наздикӣ пайдо намояд. Қаду қоматаш дилпазир, фарбеҳнамо, гандумгун, ситорагарм, хандад ҳамон як дандони тилло садчанд зебаш медиҳад. Давлатмурод дар орзуе, ки вайро ба гап дарорад, рӯзе ба дилаш шуду ба ӯ гап андохт.
– Зан дорӣ, – дили ӯ ҳам ба вай будааст ва афзуд, – боз модарат...
– Кампир умри имрӯзу пагоҳ дорад.
– Вай ҳоли намемурад, дар кадом маъракае мана бинад, саг барин дар ҷакиш медарояд.
– Саг нагӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё