Ишқи сархӯр

Панҷаҳои хурдакаки Санамро базӯр аз пояи тобути модар ҷудо намуданд. Тобутро бурданд. Санам боз беҳуш, беёд.
Майитро ба хок супурда, аз гӯристон баргаштанд. Вале Санам ҳанӯз ба худ наомада. Рӯзи дигар ҳам чашм накушод. Ҳангоме ҳушаш ба ҷо омад, холааш болои сари ӯ ашк мерехт.
– Хола, очаҷонам канӣ? – пурсид Санам.
– Бачам, гиря накун, очата бурда гӯр карданд, ман худам ба ту оча мешавам, туро хона мебарам, – холааш гирён-гирён ҳарфе меҷуст, ки боиси таскину тасаллои Санами хурдакак шавад. Вале ҳеҷ сухан ба ҷигари сӯхтаю бирёни духтарак таскин намебахшид. Баръакс, аламаш тозатар мегашту фиғонаш баланд. Се рӯз боз вай як мағзи нон начашида. Об мехост, танҳо «об», мегуфт. Ба хаёлаш оби дарёҳоро нӯшад ҳам алангаи оташи дилаш паст намешуд.
– Санам, Санамҷон, гуфтам-ку, туро хонаамон мебарам, ман модарат мешавам, – боз ӯро ором кунондан мехост холааш.
– Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам, холаҷон, дилам барои дадам месӯзад, дадама танҳо намемонам, ҳамроҳашон мешавам.
– Чӣ гуфтӣ, Санамҷон, гуфтӣ, ки ҳамроҳи дадат хоб меравӣ? Вайро танҳо намемонӣ?
– Ҳа, холаҷон, дадам танҳо монанд, зиқ мешаванд.
– Вай танҳо не, аз мурдани очат се рӯз нагузашта, оби сари очат хушк нашуда дадат зан гирифт, ба хона зан мебиёрад.
– Дурӯғ, ман намемонам дадам зан гирад, ман зани дадама мезанам, мекушам.
– Холаи Гулреза гирифт дадат.
– Холаи Гулрези ҳамсоямона? Вай душмани очаҷонам буд, очам қатӣ ҷанг мекард, духтарош мана мезананд, ман вая ба хонаи очам даромадан намемонам, рӯяша сиёҳ мекунам, ба дадаҷонам мегӯям.
Холааш ба Санам дурӯғ намегуфтааст. Қариби бегоҳирӯзӣ падараш дар сар салла, дар тан ҷомаи беқасаб, дар миён ҳамон рӯймоли барои ӯ дӯхтаи модари Санам пеш – пеши холаи Гулрезу духтаронаш Маҳинаю Моҳрӯ ва занҳои дигар аз дарвоза даромад. Ба гӯши холаашу Санам садои таблу доиразанӣ омад, боварашон намеомад, ки дар ҳавлӣ чӣ садое мешунаванд. Вале диданд, ки дар пеши назарашон суруди «Ёр-ёр» мехонданд ва таблу доира менавохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё