Ишқи сархӯр

Худаш ҳам ҷуми гап шавад, мегӯяд, ки бандаи бетақдир, рӯзнодида аст. Дар ҳафтсолагӣ аз модар монда.
Он рӯз барои Санами хурдсол қиёмат буд. Ҳавлиашон аз пагоҳӣ лабрези одам. Бо овози гиряю фиғон аз хоб бедор шуд.
Чашм кушод, дар гирди ҷойхоби модараш одам боридааст.
Очаҷонаш касал буд. «Оча!» гуфта парида аз ҷойхоб хест, тарафи очаҷон давид, «оча, очаҷон!» – гӯён фиғон кашида худро болои ӯ партофта оғӯш кард. Дастони вайро базӯрӣ аз гардани модар раҳониданд. Ба ақиб кашидандаш, дигар наздики модар шудан намонданд, гуфтанд, ки модараш қазо кардааст, мурдааст.
– Очаҷонам мурдааст? – ҳамин суханҳо дар забон дигар ба по истода натавонист, аз ҳуш рафт. Ба рӯяш панҷа-панҷа об заданд, ба бехи дандонҳояш сиру нил, пиёз молиданд, «Санам, Санамҷон, ба худ биё, чашмота кушо, Санам! Санам!»
овозҳо ба гӯшаш мерасиданд. Аммо ба худ омада наметавонист, намефаҳмид, ки чӣ гапу чӣ воқеа рух додааст, «Оча, очаҷон», зери лаб пичиррос мезад.
Вақте чашм кушода ба худ омад, даруни хона лаболаби одам, баланд – баланд нола мекарданд. Лаҳзаҳое буд, ки модарашро аз хона бароварда болои тобут мегузоштанд. Лаҳзаи видоъ бо модари Санам. Аз ҷояш хест, аз дар берун шуд, ба пояи тобути модар часпид:
– Очаҷонамро набаред, намемонам, бе очам наметавонам, танҳо мемонам, метарсам, мемирам, – пояи тобутро сар надода қиёмат меандохт, даст ба кафани модар зада, сарашро сила мекард, кафанро мебӯсид, ба чашмонаш мемолид. – Хезед, наравед оча, намемонам, наравед, оча!
Як духтараки хурдакак сари тобути модар гӯяндагӣ кард, ба гуфтае, мурдаи очаашро «обод» намуд, бо оби дида ӯро шусту ҳамаро гирёнд ва чӣ тавре мегӯянд, об дар сари мардум намонд. Ба ҳоли ӯ ҳама месӯхтанд, ҳама гирён, пояи тобутро аз чанги вай раҳонда наметавонистанд, ба қади тобут ӯ кашола. Чӣ илоҷ, ки мурдаро бароварда бурдан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё