Ишқи сархӯр

Ба ҳар ҳол Санам айбро ба гардани модари худаш намегузошт.
Айби холаи Гулрез. Ӯ бо як модари Санам не, бо бисёр занҳои дигари деҳа ҳам дар ҷангу хархаша. Ҷодугарӣ мекардааст, пеши фолбину муллоҳои илмгар мерафтааст. Дугонааш як ҷӯгӣ аз дараи Мачитон. Хаси чорроҳа, пиёзу пари мурғ дуд меандохта, каллаи гунҷишку думи саги сиёҳ ёфта, ба гӯристон бурда, дар сӯрохии гӯре мепартофтааст, бо нияте, ки одами бад медидаи ӯ бимирад, боз чи корҳое намекарда, одамон аз вай дилгазон. Боз аз шавҳар баромадаасту ҳушаш ба падари Санам. Шояд барои ҳамин буда, ки бухчаи ҷангу ҷӯшашро бо модари Санам таҳ карда яксӯ монда, ба ӯ хушомадгӯ шуд. Аз таги пӯсти вай даромада, ба хонаи онҳо пой тоза кард, дарундаро шуда, теша ба решаи зиндагии осудаи модари вай зад, то шавҳарашро аз худ кунад, ниқор ситонад, баъд ба ӯ гӯяд, ки ана дидӣ, Замира, ман ба ту чӣ кардам, бо ман бозӣ макун, рӯзатро сиёҳ мекунам, ман Гулрез. Бо падари Санам соз омад, ширу қаймоқ, ошиқу маъшуқ. То модари Санам ҳамаи инро фаҳмид, қариб хонавайрон шуд. Ақлаш ба сар заду таёқу дангал гирифт, ба сари беваи Гулрез давид, зада-зада ӯро аз дару деворҳо берун кард, пайи қадамашро рӯфт, аз рӯи таомул аз пасаш сатилсатил об пошид. Дилаш хунук нашуда гуфт:
– Анаю, бева мана чи хаёл кардааст, девонаро ба хар савор кардааст, боз шӯи мана аз худ карданӣ будааст, ҳал накардааст, ман зинда, намурдаам, хонаша месӯзам, фаҳмад, ки ман ҳамон Замира, душмани ҷони вай.
Мегӯед, ки баъд Гулрез дами дарун гашт, думи модари Санамро сар дод? На, душмани ашадиаш шуд. Дар ҳама ҷо ҷор андохт, ки агар Давлатмуроди шавҳари очаи Санамро нагирад, як дасташ не, ҳарду дасташ берун аз хок.
Санам кӯзачаи оби сардро ба сари гӯри модар рехт ва бо ӯ ба гап даромад:
– Оча, ҷон очаҷон, – аз даруни гӯр ба хаёлаш садо омад:
– Ҷони оча, ту Санамҷонӣ?
– Ҳа, очаҷон, ман Санам, дадам зан гирифт. – Садое аз модар нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё