Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он ҷо тангнои соярав ҳаст,
Дар он ҷо партгоҳи ғежу дав ҳаст.
Ба мисли ҳуҷраи шаҳри Бухоро
Равонад ҳукм торикӣ дар он ҷо.
Ба фарзандат сабақ омўз, зинҳор,
Ки аз макри аду бошад хабардор.
Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,
Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Фишорад гарм дасти дўстонро,
Мададгорӣ кунад афтодагонро.
Ба мисли заррае тобанда бошад,
Ба ҳар маҳфил чароғи зинда бошад.
Ба олам насл аз мо ёдгор аст,
Ба ў фардои инсон чашмдор аст ».


Барои дўстон, хонандагонам
Ба назм овардаам ин достонам.
Ҳикоят кардаам аз як саҳаргоҳ,
Саҳаргоҳе, ки касро буд дилхоҳ.
Маҳи апрел, моҳи навбаҳор аст,
Табиат сабзу хуррам, гул ба бор аст.
Магар созам ягон боре фаромўш
Адиберо, ки буд ҳам ақл, ҳам ҳуш?
Писарҷонам, магар созам фаромўш
Даме ки кардам овози туро гўш?
1958
ҶОНИ ШИРИН

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта - гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷойи зистам,
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рўйи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулўям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рўзи ман як сол шуд,
Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчи зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тўю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гўё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фишурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рўйи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абруйи ту буд.
Ҷони ширин, пас, дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар.
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.
Ку падар, гўяд агар фарзанди мо,
Менамоӣ ту ба сўйи дар нигоҳ.
Дар замони пеш аҷдодони мо
Тарк мекарданд кўҳистони мо.
Бахт меҷустанд аз бечорагӣ,
Мурда мерафтанд дар оворагӣ.

пешина
аз 143
навбатӣ