Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ба бўйи гул ману устод мастем…
Ба гирди ҳавз ҳарду менишастем.
Ба ёди ман расид овози фарзанд,
Хаёли ман ба ин овоз шуд банд.
Ман охир иди нав дар хона дорам,
Ба халқи кишварам идона дорам.
Назар кардам ба пири ранҷдида,
Ба ду чашмон, ба абруйи хамида.
Назар кардам ба хатҳои ҷабинаш,
Ба мўҳои сараш, хамҳои чинаш.
Падар гўё маро табрик мегуфт,
Суханҳои ба дил наздик мегуфт.
Падар мегуфт: «Одам чун дарахт аст,
Дарахти решаномаҳкам, карахт аст.
Дарахт аз офтобу об рўяд,
Қади сабзаш ҳавои нарм ҷўяд.
Агар бисёртар ў реша ронад,
Саломат аз хатар мондан тавонад.
Агар хоҳӣ ту ҳам ҷовид монӣ,
Ба хоки мулк бояд реша ронӣ.
Писарро тарбият бинмо падарвор,
Ки гардад он мубориз, халқро ёр.
Ба фарзанд оташи ишқи Ватанро
Фурўзон кун, фурўзон, ҷаҳд бинмо.
Агар ман кўҳсоронро ба машриқ
Кунам монанд, хоҳӣ кард тасдиқ.
Ба сурат кўҳсорон пуршукўҳ аст,
Фаровон нур дар болои кўҳ аст.
Мусаффо обҳо дорад дар оғўш,
Зада хиргоҳи барфин бар сари дўш.
Вале бар кўҳсори мулки дигар
Ту бо чашми дақиқи хеш бингар.
Дар он ҷо бешаи ором бинӣ,
Гурезон сайд бинӣ, дом бинӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё