Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Мо вале аз он ғарибон нестем,
Дар суроғи бахт сарсон нестем.
Бахтро бо меҳнати озоди хеш
Кард инсони советӣ парвариш.
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.
Қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Рўйи олам дидан, одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Ҷони ширин, худ, ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон?
Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт,
Бештар хомўш гарчи менишаст,
Гарчи камтар сўйи нон мебурд даст,
Дигаронро гарчи ў мекард гўш,
Мекашид он гарчи тамбоку хамўш,
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.
Борҳо ин мард зиндон дидааст,
Дар сари мў бозии ҷон дидааст.
Рў ба халқу кишвари маҳбуб кард,
Марги беинсофро мағлуб кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё