ЗАМИНИ МОДАРӢ

Абрҳо дар канори мо хобанд
Бар сари сангу сабза сар монда.
Абдулло ОРИФОВ
(Ӯзбекистон)
МУНОҶОТ
Зор-зор аз даруни хилвати шом,
Ҳам дами кӣ рубоб менолад?
Аз дили зори ман чи мехоҳад,
Аз ғами кӣ рубоб менолад?
Ин замон аз харобаҳои қадим
Мерасад ҳой-ҳойи аҷдодон,
Мешавад чашмҳои ман пуриоб
Аз ғами куҳнаи замину замон.
Гӯиё оҳ мекашад Хайём,
Ки фалак санг дар бағалдорад,
Оҳи ӯро ба кӯҳу пушта ҳанӯз
Аз Нишопур бод меорад.
Ман гумон мекунам, ки ин оҳанг
Аз Навоӣ гирифта низ асар,
Бенавоии Астарободаш
Дар навои рубоб монда дигар.
Ба шафақҳои шом менигарам,
Рӯи хуршед мешавад хуншор...
Даст бардор, мутриб, аз сари соз,
Об кардӣ дилам ба нолаи зор.
Гар чунин асту гар чунин будаст,
Ончи дар гиряи рубоби ту ҳаст,
Зиндагӣ хилқатест одамхор,
Ин замин гоҳворане, гӯраст...
Шом гоҳ он рубоб менолад
Зор-зор аз замонаи пешин,
Мусиқияш, ки ин чунин талхаст,
Зиндагияш чу кӯҳ буд вазнин.
Охирсухан
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонадони хидматчӣ таваллуд шудааст.
Бинобар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактабинтернати ноҳияи Ҳисор тарбият гирифтааст.
Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба номи В.И.Ленин муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон буд, сипас мудирии шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои зиёд мушовирии назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Фаъолияти эҷодиаш аввали солҳои шаст оғоз ёфт ва солҳои ҳафтод ба сифати гӯяндаи шеъри ватандӯстона ва шоири нозукхаёли лирик шуҳрат ёфт.
Маҷмӯаи нахустини шеъраш бо номи «Пайванд» соли 1972, замоне аз чоп баромад, ки ба қавли Муъмин Қаноат ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Вале ин ҳама солҳо сарфи ҷустуҷӯю омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи шеъру шоирӣ буд, ки заминаи шеъри нави бозорсобирона шуд.
«Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва бисёр шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафҳаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ карданд ва дар тарбияи чанд насли хонандагон дар рӯҳи худогоҳию худшиносӣ ва парвариши завқи суханфаҳмию шеърдонии онҳо нақши бузург бозиданд.
Соли 1995 ба Штатҳои Муттаҳида ҳиҷрат намуда, 29 майи соли 2013 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргашт. Дар ғурбат низ ҳамеша бо Ватан буд ва бо шеъри баланди тоҷикона ва муассиру фарогираш дар ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худогоҳии бештари миллат саҳми арзишманде гузошт.
Бисёр шеърҳояш, ки тарона шудаанд, ба сурудҳои умумии мардум табдил ёфта, дар маъракаҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд ва дар тақвияти сарҷамъию ваҳдат ва фахри миллию шуҷоати ватандории миллат, бахусус ҷавонон, басо таъсирбахшанд.
Ба ҳамаи маҷмӯаҳои ашъораш тозагии забону баён ва маъниву образҳо, умқи эҳсосу идрок, тасвирпардозии бесобиқа ва мусиқии дилнавози сухан хос аст. Ин сифатҳо, бахусус, дар ашъори маҷмӯаи «Бо чамидан, бо чашидан…»
возеҳу барҷаста ҷилвагар шуданд ва соли 1988, бо пешниҳоди озоду мустақими иштирокдорони пленуми Иттифоқи нависандагон, барои ҳамин китоб шоир барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё