ЗАМИНИ МОДАРӢ

Магар намешунавед?
Даба менолад аз қазою қадар,
Гӯиё ӯ ба гиря металабад
Дастае ҳамчу дастаи шашпар.
Каланди африқоӣ
Аҳ... уҳа!
Магар намешунавед?
Даба ҳам мисли кӯдакони сағир
Метавонад зи гушнагӣ нолад,
Даба ҳам мехӯрад ғаму ҳасрат,
Мешавад даба низ аз ғам сер.
Аҳ...уҳа
Магар намешунавед?
Мезанад неши ӯ ба хоки мазор,
Мекунад канда-канда нолаи зор.
Даба гарчи барои шудгор аст,
Лек дар гӯркобӣ ҳам даркор...
Даба бо ҳой-ҳой мегиряд,
Мекунад низ ӯ маро гирён.
Ёғиёни ғулом, бархезед,
Дабаро мекунем гурзу синон.
Даба бояд наафтад аз сари даст,
Нашавад бояд ӯ ба хорӣ шаҳид.
Даба дасти дароз мехоҳад,
Оҳи ӯро магар намешунавед?
Эрнст ПОРТНЯГИН
(Русия)
РӮДИ МАЙХӮРА
Ба барат омадам ман аз раҳи дур,
Ҷом дар чангу шишае дар чанг.
Шишаам ногаҳон ба об афтод,
Ҷоми бе бодаро задам бар санг.
Ба ман аз ҳар тараф нигаҳ доранд
Тарқиях ҳочу дидаи ҳайрон,
Ки чаро ман ғалат намемонам
Пой бар сангҳои полағжон....
Дар дилам бо алам ба худ гуфтам,
Мояи зиндагист дарду азоб;
Дарди мо мисли санги вазнин аст,
Санги вазнинро намебарад об...
Раҳ ба раҳ об мекунад нолиш
Аз ғами роҳи тангу сангинаш.
Об афсона мекунад эҷод,
Ки манам ҳампарию ҳамҷинаш.
Балки он мармарам, ки шаршарае
Мезанад сар ба синаам гирён.
Ҳамчу завлона мавҷ мебандад
Дасту пои маро ба кӯҳистон.
Кӯй бар кӯй гашта саргардон,
Ҳамчу акси садо шудам хомӯш.
Зиндагӣ бе ту кард монандам
Ба яке сангпушти хонабадӯш...
Дар сари сангу дар миёнаи барф,
Дар биёбону дар таги дарё,
Ҳар куҷо зиндагиву ободист,
Ҳар куҷо лонаест дар дунё,
Хона доранд мору мӯру малах,
Хона дорад парандаи озод,
Лек ман бе ту кай тавонам кард
Гӯшаеро дар ин ҷаҳон обод?
Аз канорат агарчи дур шудам,
Дар дилам монд ғуссаи бисёр.
Байтҳо гуфтаму алам кардам,
Аз ту бар сангҳои кӯҳи Ҳисор.
Мекананд ошёна дар тани ҷар
Ба сари панҷаҳо кабӯтаракон,
Бо хаёли ту мекунам бунёд
Хонаҳо аз хаёли бесомон...
Дар адир кабкчӯҷа мехонад,
Гӯиё шеър мекунад эҷод.
Аз паси ағбаҳои хотири ман
Писарам мезанад маро фарёд.
Хуфта байни алаф ба тахтаи пушт
Ман ба абри баҳорменигарам,
Дар ҳаво паркушода мегардад
Лошахоре чу марг дар назарам.
Гӯӣ, ӯ дар ҳавои фикри манаст,
Ман аз ӯ дида бар намедорам,
Чунки кам нест лоша дар дили ман,
Мурда бас орзую шодию ғам.
Барои Станислав Куняев
Боди афғонӣ мева зад ҳама рӯз,
Қурси хуршед монда зери ғубор,
Дар уфуқ хира-хира метобад
Ҳамчу як тангаи пураззан гор.
Менишинад чу селаҳои малах
Ба сари баргу бор реги равон.
Бод дар теғаҳои кӯҳи Ҳисор
Мекунад барф тӯдаро вайрон.
Кӯҳсорон ҳанӯз пурбарфанд,
Лек дар дашт сабзаҳо зартоб,
Ман ба аспе савор раҳгузарам,
Гӯиё аз миёни оташу об.
Мон, бисӯзад дар оташи поиз
Саргузаштам раҳораҳ аз паси ман,
Мебароям ба қуллаҳои баланд
Боз боре ман аз раҳи Вистан.
Оби дарё маро нахоҳадбурд,
Хирси ҷангал ба ман надорад кор,
Дар кафам нест дому тиру камон,
Гарчи овораам дар ин куҳсор.
Ман аз он мурдумам, ки то ҳастанд,
Бо сару ҷони хеш мебозанд,
Дар бари тарма мезананд овул,
Дар раҳи селхона месозанд...
Дина шаб ҳамчу тарма абри сафед
Ба дари мо фуруд омада буд.
Пеши гулхан рафиқи ман бедор
То саҳар байтҳои тоза суруд.
Ману ӯро ҳанӯз дар таги дил
Ҳаст бисёр байти нохонда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё