Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бисёр шеърҳояш ба забонҳои халқҳои собиқ шӯравӣ, инчунин англисию олмонӣ, фаронсавию испанӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Худ низ шеъри бисёр шоирони маъниофарину тасвиркори дунё, аз ҷумла Ҷорҷ Байрон, Артур Рембо, Гийом Аполлинер, Афанасий Фет, Пабло Неруда, Эдуардас Межелайтис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Тарҷумаҳояш ҳам дигаргуна буда, забону баён, сабку услуб ва шахсияту шеърияти ҳар шоирро рӯшану дилрас ифода мекунанд. Аз ин ҷиҳат бахусус тарҷумаи ашъори зиёди шоири машҳури рус Сергей Есенин, ки дар маҷмӯаи «Гулафшон» (нашриёти «Ирфон», 1977) ба чоп расидааст, сазовори таъкид аст. Маҳбубияти тарҷумаҳои мазкур ба ҳадде буд, ки чандинаш чун сурудаҳои соф тоҷикӣ ба оҳанг дароварда шуданд ва ба таронаҳои маҳбуби мардум табдил ёфтанд.
Дар ҳаёти ҷомеа ва муҳити адабӣ фаъолона ширкат меварзид, дар мавқеи як ватанпарвару миллатдӯсти воқеӣ устувор буд ва нуқтаи назари худро оид ба масъалаву мушкилаҳои ҳаёту адабиёт рӯшану ошкоро ва воқеъбинонаву созанда баён медошт. Аз ин рӯ, ҳар мақолаву мусоҳибааш, аз як тараф мавриди таваҷҷуҳ ва қабули гарм, аз ҷониби дигар боиси номувофиқию тардиди доираҳои гуногуни ҷомеа мегардид.
Навиштаҳояш дар бораи Нодири Нодирпур, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, навиштаҳояш дар бораи рухдодҳои ҳаёту адабиёт, силсилаи мақолаҳояш оид ба давраи ғурбат ва хотираҳояш дар бораи кӯдакию пайвандон басо воқеию шоирона буда, чун ашъори тасвириаш манзараву симоҳоро пеши назар ҷилвагар мекунанд ва дар баҳододи адабию ҷамъиятии онҳо басо муфиданд.
Солҳои мушовири назми Иттифоқи нависандагон буданаш дар тарбияи як идда шоирони ҷавони хушқареҳа хидмати бедареғи бесобиқа кардааст. Натанҳо ба онҳо маслиҳату машварат додаву ба роҳи дурусти эҷод раҳнамуниашон мекард, балки бо сарсуханҳои дилбардору рӯҳбахш махсусияти ҳар кадомашонро таъкид намуда, дар таҳқиқи батадриҷи шеъри ҷавонон саҳми арзанда гузоштааст. Тасвиркорию мушаххасгӯие, ки батадриҷ дар адабиёт, бахусус шеър, имтиёз пайдо кард, маҳз бо шоирию мушовирии Бозор Собир вобастагӣ дорад.
Барои хидматҳои бузургаш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва саҳмаш дар ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардид.
Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар шаҳри Сиэтли штати Вашингтони Амрико аз олам даргузашт. Бо дастури Пешвои миллат наъши покаш ба Душанбе оварда, дар мазори Лучоб ба хок супурда шуд.

пешина
аз 110