Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Устод, фақат нагӯед, ки интернет низ мисли экранҳо сабабгори тамоми бадбахтиҳои олам будааст, агар шумо чунин ақида дошта бошед, номзадии манро аз «клуби ғайрирасмиии дӯстдорони оши палов» хат занед, – хитоб намуд Анӯшервон, – ҳаёти имрӯзаро бе интернет тасаввур карда намешавад! Интернет, яке аз дастовардҳои бузурги башарият аст, зеро он сарчашмаи маълумот буда, барои инкишофи инсон саҳми бузурге дорад. Интернет, муоширати байни миллатҳоро осон намуда, барои гирифтани касбу ихтисосҳои гуногун ҳатто аз хона набаромада мусоидат мекунад. О, як тасаввур кунед, шумо дар хона нишаста, аз интернет метавонед ҳар гуна забони дӯстоштаатонро омӯзед. Модари бемор метавонад, охирон бор бо фарзанди дар мусофират будааш тамос гирифта, сухани дар дил доштаашро бигӯяд. Боз ҳазору миллион далелҳои ба манфиати интернет мавҷуд аст, ки агар якто ба якто гуфта монем то саҳар суҳбатамон ба охир намерасад. Ягон далели шумо фикри башариятро оид ба бефоида будани интернет тағйир дода наметавонад, – гуфту ба назди тирезаи кушодаи хона равон шуда як нафаси чуқур гирифт Анӯшервон.

пешина
аз 161
навбатӣ