Фарзияи усто Салим

– Суоли хуб додед писарам, мумкин аст ман посух диҳам, – гӯён ба полковник ва профессор чашм дӯхта, нигоҳи тасдиқкунандаи онҳоро гирифта давом дод усто Салим, – ҳама гап дар сари маблағ аст, писарам, ширкатҳои истеҳсолкунандаи телефонҳои мобилӣ ё худ смартфонҳо тамоми тадқиқотҳоро, ки олимон, институту ширкатҳо оид ба зарари ин таҷҳизот мегузаронанд, бо роҳҳои гуногун рад мекунанд.
Анӯшервон, ки бо ин бурҳон чандон қаноатманд набуд, пиёлаи холиро бо ангуштони дасти росташ бозӣ доронда, дар интизори ҳар чӣ зудтар хотима ёфтани ин баҳс ва доир намудани мулоқоти як ба як бо усто Салим буд. Аммо баҳс паст нашуда, баръакс мисли оташи сахт дар ҷангал сония ба сония аланга мегирифт. Дарахти навбатӣ дар пеши оташ, маҳз усто Салим буд. Ӯ аз ҷояш бо ҷаҳиши олимпӣ бархоста хитоб намуд, – дӯстон, мо дар бораи зарари телефонҳо соатҳо гап задему, лекин як чизи муҳимро аз хотир баровардем. Барои чӣ одамон ба телефону смартфонҳои замонавӣ ё худ экранҳои онҳо ин қадар таваҷҷуҳ доранд? Албатта ин чиз ном дорад Интернет. Бале, Интернет, ки уқёнуси бузурги маълумоти беинтиҳои оламро дар худ маҳфуз медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё