Фарзияи усто Салим

Акнун Анӯшервон бо боварии комил гуфта метавонист, ки чунин нишастҳои ҷамоатӣ нафақат инсонро ба паноҳгоҳ, балки ба қаъри уқёнуси ором бурда мерасонад, – ҷин занад ин гармиро, хона чунон тасфид, ки тоқати нишастан дигар намонд, ҳатто шамолтияки одиро низ намондаанд, аз тарси кадом як мавҷҳои электромагнитӣ шояд,- аз ин андешааш худ ба худ табассум кард.
Аслан Анӯшервон имрӯз хело асабӣ буд, зеро фикру хаёлаш дар бораи тасмими мӯйсафед, ҷиҳати даромадан ба таги замин ё худ паноҳгоҳ буд ва аз сабаби суҳбати тӯлонӣ, вақти муносиб муяссар намешуд, ки бо усто як ба як сухан кунад. Ақрабаки соати дар девори хона овехта, аллакай 5-и бегоҳро нишон медод.
– Албатта он мисолҳои гуфта гузаштаатон оид ба фоидаи интернет як навъ асос низ дорад, аммо агар иҷозат диҳед, ман як - ду ҷиҳати манфиашро низ гуфта мебаромадам, писарам, баъд худатон хулоса мекунед, ки фоидааш бештар аст ё зарараш, - ҳанӯз нигоҳашро аз Анӯшервон дур накарда, сухан кард усто Салим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё